Сантур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сантур, сантурн, сантир (форсӣ: سنتور‎, озарбойҷонӣ: Səntur, арманӣ. Սանթուր) — сози зарбию мизробии чангмонанд. Сантур қуттишакл буда, онро аз чӯб месозанд. Торҳояш филизӣ (16-24) ва ба таври хроматикӣ ҷӯр мешаванд. Тахтаи қабати болои косахонааш дар ду ҷой сӯрохҳои овозбарор дорад ва тавассути ду чӯбчаи нӯгашон кӯбакдор навохта мешаванд. Сантур аз ҷиҳати сохт ба чангҳои ҳозираи Осиёи Миёна шабоҳат дорад ва бештар ба ансамбл ҷӯр мешавад. Сози мазкур дар Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, инчунин Ҳиндустон, Эрон, Туркия ва дигар мамлакатҳои Шарқ маъмул аст. Дар байни арабҳо сантур ба унвони санҷ, дар байни украину беларусҳо симбала машҳур аст. Дар байни онҳо сантури эронӣ 72- тор дорад ва аз сабаби дароз будани танааш садои фораму маҳин мебарорад. Дар рисолаҳои мусиқии форсӣ-тоҷикии асри XVI ёд шудааст. Масалан, Дарвешалии Чангӣ дар «Тӯҳфат-ус- сурур» сантурнавозии худ ва машшоқони ҳамзамонашро зикр намудааст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.Ҷ.З — Душанбе,2004.