Чанг (сози мусиқӣ)
Чанг - сози мусиқиест, ки дар мамлакатҳои Шарқ ва Шарқи наздик маъмул аст. Сози чанг бо шакли тағирёфтааш бо унвонҳои мухталиф: байни халқҳои юнон - кимвал, халқҳои араб - қонун, мардуми эрон ва қафқоз - сантур ва халқҳои Молдавия, Беларуссия -симбала» маъмул аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Чанг 72 тори филизӣ ва ҳамон миқдор гӯшак дорад. Системаи қаторовозиаш аз 24 пардаи диатоникӣ ва хроматикӣ иборат аст. Чанг ба қатори созҳои якканавозӣ дохил шуда, дар оркестр ва ансамбли созҳои миллӣ васеъ истифода мешавад. Чанг таърихи тӯлони дорад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ ҳанӯз дар давраи шумериҳо ( ҳазораи 4-3-и то милод) ин соз бо шаклу намуди мухталиф маъмул будааст. Тавре дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст: чангнавози шоҳ Баҳроми Гӯр (асри 5-6)- Озода ҳамеша бо чанг дар паҳлӯи шоҳ будааст ва сӯҳбатҳои хоси ӯро бо садои чанг гарм месохтааст. Ҳанӯз дар асрҳои 9-10 чанг яке аз созҳои мусиқии дӯстдоштаи мардуми эронитабор ба ҳисоб мерафтааст. Шоирону ҳофизон бо ҳамовозии он суруд мехонданд ва дар ансамбл ҷӯр мекарданд. Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз аввалинҳо шуда дар ашъораш чангро ёдрас шудааст:
- Рӯдакӣ, чанг бигрифту навохт,
- Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.
Чангҳои замони қадим аз чангҳои ҳозира дида, на ин ки бо шаклашон,балки бо диапазон (фосилаи мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама боло)-ашон аз ҳамдигар ба кӯллӣ фарқ мекунанд. Алалхусус чангҳои таъмирёфта (реконструксияшуда), ки дар шакли имрӯзаашон ба табъ расидаанд. Бино ба маълумотҳое, ки дар китоби муаллифон А. Одилов, А. Петросянс «Чанг дарслиги»(«Дарси чанг») омадааст: соли 1938 як гурӯҳ мутахассисон С.Диденко, А.Романенко дар устохонаи назди омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Тошкент ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ба дигаргшунсозии шаклу диапазони садои чанг шӯруъ намуданд. Дар натиҷа торҳои чанг хроматикӣ кунонида шуда, диапазони он аз нотаи до-и октаваи якум то ре-диези октаваи сеюм васеъ гардид. Мутахассисон ба ин ҳам қонеъ нашуда, боз аз соли 1943 сар карда, дар коргоҳи илмӣ- экспременталии назди Консерваторияи давлатии шаҳри Тошкент мукамалсозии чангро давом дода истода ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштанд. Онҳо диапазони чангро аз нотаи сол-и октаваи хурд то нотаи сол-и диези октаваи сеюм васеъ кунонида, барои хомӯш намудани садоҳои нодаркор механизми «Педал» низ ихтироъ карданд. Ҳамчунин дар чанг торҳоро бо диметрҳои ҳархела истифода бурданд, ки дар натиҷа қувваи садодиҳии торҳои зилӣ ва бамӣ хеле хуб гардид. Ғайр аз ин боз дар натиҷаи таъмирҳои илмии минбаъда намудҳои гуногуни созӣ мазкур ихтироъ карда шуд. Аз ҷумла:
- чанги хурд (прима) бо диапазони аз нотаи до-и октаваи якум то ля-и октаваи савум;
- чангҳои тенор бо диапазонҳои аз нотаи сол-и октаваи калон то ми-и октаваи дуввум ва аз нотаи до-и октаваи хурд то сол-и октаваи якум;
- чанги бам (бас) бо диапазони аз нотаи до-и октаваи калон то сол-и октаваи хурд;
Ҳамин тариқ, диапазони умумии садодиҳии оилаи чангҳо аз нотаи до-и октаваи калон то ля-и октаваи сеюм васеъ гардид, ки он қариб панҷ октаваро дарбар мегирад. Ин намуди чангҳо хоси тоҷикону ӯзбекон мебошанд. Устоҳои чангсози тоҷик низ шаклҳои сохтани онҳоро аз худ намуда, дар Тоҷикистон ин гуна чангҳоро сохтаанд. Чангро бо ду чангчӯб менавозанд. Чангчӯбро асосан аз чӯби бамбӯк сохта, дастаи онро каме камоншакл мекунанд. Дар як нӯги чангчӯб резинаи махсус гузаронида нӯги дигари онро ба мисли мизроб борик мекунанд ва ин нӯги чангчӯб дар навохтани услуби «питсикат кол леньо» истифода бурда мешавад. Ҷиҳати қувва ва садои мувофиқи дил ба даст овардан, аз камоншакли ва вазни резинаи дар нӯги чангчӯб буда вобастагӣ дорад.
Тарзу услубҳои навозиши чанг ҳафтоянд. Чор хел штрих (усулҳои навозандагӣ) дар чангнавозӣ маъмул аст. Чанг ба гурӯҳи созҳои торӣ – зарбӣ мегардад. Аз солҳои 50-уми асри XX як зумра мутахассисони соҳибкасб, ки дар тағйиру тайёр намудани шогирдони чангнавоз ҳисса гузоштаанд, қобили ёдоварист: Турсун Улмасов, Алмос Абдуллоев, Хушназар Рузадоров, Эргаш Азизов, Шароф Ҳоҷиев, Малика Мустафина (Тоҷикистон); М. Харратов, А. Одилов, Р. Неъматов (Ӯзбекистон) аз қабили он родмардонанд. Дар нимаи дуюми асри XX барои сози чанг китобу дастурҳои таълимӣ таълиф шуда, асарҳои ҷудогона эҷод карда шудаанд:
- Одилов А, Петросянс А. Чанг дарслиги. - Тошкент, 1976, 1978,
- Навои чанг//Мураттибон Т. Улмасов, Х. Рӯзадоров. - Душанбе, 1985,
- Репертуари консертии ансамбли чангнавозон».//Мураттиб Х. Рӯзадоров - Душанбе, 1992,
- Репертуари консертии чангнавозон.// Мураттибон Х. Рӯзадоров, З.Икромова. - Душанбе,2009,
- Одилов А. «Пьесы для чанга. - Тошкент, 1974 ва ғ.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ.3 - Душанбе,2004,
- Петросян А.И. Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент,1980,
- Вызго Т.С. Музыкальные инструменты Средней Азии // Исторические очерки.- М, «Музыка», 1980.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.