Санъати монументалӣ
Санъати монументалӣ — як навъи ҳунари пластикӣ, ки он вобаста ба муҳити конкретии меъморӣ офарида мешавад.
Бо мазмуни ғоявию бадеӣ, архитектоника, рангубор ва моҳияти маънавиаш аз дигар намуди санъат фарқ карда, дорои мундариҷаи бой, шакли таъмимӣ ва андозаи муайян мебошад. Санъати монументалӣ ёдгорию монументҳо, асарҳои ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, мозайка (хотамкорӣ), витраж, ороиши иморат, хиёбон, гулгашт, фаввора ва ғайраро дар бар мегирад. Он дар меъморӣ моҳияти ғоявии бино, ансамбл ё муҳити муайяии меъмориро қувват медиҳад. Дар давраи атиқа ва Эҳё намунаҳони барҷастаи Санъати монументалӣ (Парфенон ҳайкалҳои Фидий, фрескаҳои Рафаэл, тасвирҳои рӯидевории Микеланҷело ва ғайра) ғояҳои инсонпарвариро тарғиб менамуданд. Дар а-ҳои 18—19 асарҳои монументалии ҳайкалтарошӣ, меъморӣ ва рассомии рус саршори гуманизм, рӯҳбаландӣ ва идеали олии инсонӣ буданд (лоиҳаи Қасри Кремли Москва, меъмор И. Баженов; бинои Адмиралтейство дар Петербург, меъмор А. Д. Захаров, ҳайкали Минин ва Пожарский дар Москва, ҳайкалтарош И. П. Мартос ва дигар).
Дар асрҳои 19—20 бо таъсири маданияти буржуазӣ дар Санъати монументалӣ, равияҳои индивидуализм, шаклпарастӣ ва кӯшишҳои офаридани асарҳои ғайриреалистӣ қувват гирифт. Дар давраи Ҳокимияти Советӣ Владимир Илич Ленин ба Санъати монументалӣ эътибори калон дода, тадбирҳои ривоҷ додани пропагандаи монументалиро ба миён гузошт. Ҳайкалтарошон, рассомон ва меъморони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР намунаҳои олии Санъати монументалиро офариданд. Мақбари Владимир Илич Ленин дар Москва, монумент ба шарафп ҷанговарони советӣ дар Берлин, ёдгорӣ — ансамбли Қурғони Мамай дар Волгоград, Қабристон — музеи мемориалии Пискарёв дар Ленинград ва ғайра дорои мундариҷаи баланди ғоявию бадеиянд. Тасвирҳои рӯидевории Афросиёб, Варахша, Панҷакент ва Шаҳристон бозёфтҳои Тӯпроққалъа ва ғайра аз таърихи ҳазорсола, ансамблҳои меъмории асрҳои 14—19 Осиёи Миёна (Шоҳи Зинда, Гӯри Мири Самарқанд, Регистони Бухоро ва ғайра) аз ташаккул ва инкишофи Санъати монументалӣ дар ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд. Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ дар Душанбе, Ленинобод, Кӯлоб ва ғайра асарҳои ҷолиби Санъати монументалӣ офарида шуданд. Ҳайкали ёдгории Рӯ- дакӣ (биринҷӣ, ҳайкалтарош Ф. П. Абдураҳмонов, меъмор М. А. Ҳусейнов), ҳайкалҳои ёдгории Айнӣ ва Абӯалии Сино (ҳайкалтарош О. Г. Элдаров, меъморон Р. Ҷ. Каримов ва А. П. Агаронов), лавҳаи хотиравӣ ба ҷанговарони советӣ—иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар госпиталҳои Душанбе вафот кардаанд (меъмор Б. А. Зуҳуриддинов ва дигар), толори Хонаи маорифи сиёсӣ (меъморон Э. В. Ерзовский, Ю. Л. Пархов, рассом С. Қурбонов ва дигар)—ҳамааш дар Душанбе ва ғайра аз ривоҷёбии Санъати монументалӣ дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Санъати монументалӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).