Санъат Муҳаммадиев
Санъат Абдуллоевич Муҳаммадиев | |
Таърихи таваллуд | 27 июн 1940 (84 сол) |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи ҳоҷагии қишлоқи Самарқанд |
Ҷоизаҳо | Арбоби шоистаи илм ва техника Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) |
Санъат Абдуллоевич Муҳаммадиев ( 27.06.1940, гузари Орифҷонбой (ҳоло – Осим Исматӣ)-и шаҳри Самарқанд), гелминтолог. Доктори илми биология (1980), профессор (1989). Арбоби шоистаи илм ва техника Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз хатми мактаби миёнаи №5 н. Сиёб (1957), дар факултети байтории Донишкадаи ҳоҷагии қишлоқи Самарқанд таҳсил кардааст (1959-1962): лабор. ИЗИП ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1962-1963), коромӯз-тадқ. Лабор. гелминтологияи Академияи илмҳои ИҶШС (1963-1965), аспирант (1965-1968), ход. хурди илмии ИЗИП номи Е.Н.Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1968-1979), докторанти Лабор. гелминтологияи Академияи илмҳои ИҶШС (1981-1983). Ходими калони илмӣ (1979-1986), ход. пешбари илмии ИЗИП номи Е.Н.Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1986-1988). Мудири кафедраи паразитология ва зоогигиенаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1988-1993).
Соли 1993 ба Самарқанд кӯчидааст. Ходими калони илмии Лабораторияи муаммоии Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1993-1995), ход. калони илмӣ, муд. шуъбаи илмҳои биология ва тиббиёти шуъбаи Самарқандии Академияи илмҳои Ӯзбекистон (1995-2000). Аз. соли 2000 - профессори каф. таълими фанҳои тиббиёти Донишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорони вилояти Самарқанд ва дар айни замон профессор, мудири каф. экология ва тиббиёти Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд. Чун сарвари маҳаллаи ба номи Осим Исматӣ (таърихан – Орифҷонбой) оид ба таърихи маҳалла ва ҳаёти мардуми он рисолае таълиф намудааст. Феълан узви Шӯрои махсуси ИХХС, узви Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии забони хориҷии Самарқанд ва Донишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорони вилояти Самарқанд, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Зиёкор”.
Фаъолияти илмӣ ва осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1986 дар мавзӯи “Гелминтҳои чорвои калони шохдори СССР, таркиби намудҳо, таҳлили географӣ, экологӣ ва эпизоотологияи гелминтозҳои асосӣ” рисолаи доктори ҳимоя намудааст. Муаллифи қариб 300 рисола, мақолаҳои илмӣ ва илмии оммавӣ, бисёр дастурҳои услубӣ, плакату тақвимҳо, аз ҷумла монографияҳои
- Гелминтҳои чорвои калони шохдор ва қӯтосҳои Тоҷикистон. Д., 1991,
- Муайянкунандаи гелминтҳои чорвои калони шохдори СССР. М., 1991,
- Табиат вуҷуди мост. Д.,1995,
- Аманкутан - сокровище природы. Ташкент,1997,
- Экология ва муҳофизати табиат (ба заб. тоҷ., 2001, ба заб. ӯзб. Д., 2002,
Ду китоби дарсӣ:
- Зоология барои синфи 7 Д.,2003
- Биология: ситология ва асосҳои генетика. барои синфи 9. Д.,2004.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медалҳои бахшида ба 100-солагии зодрӯзи акад. К.И. Скрябин, акад. Е.Н. Павловский, бо дипломи НКХХ-и Тоҷикистон, “15-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (2006) мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013. – С. 87. ISBN 978-99947-958-2-6