Сарабек Қаландаров
Таърихи таваллуд | 5 июл 1968 (56 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷ, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | шарқшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Сарабек Қаландаров — журналист, номзади илми филология (2004), дотсенти (2008) кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналисткаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (1994)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарабек Қаландаров соли 1991 ба факултаи шарқшиносии (шуъбаи арабӣ) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, 1996 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти омӯзгории Қаландаров С. пас аз хатми факултаи шарқшиносии (шуъбаи арабӣ) ДДТ (ҳоло ДДМТ) бо роҳхати Раёсати донишгоҳ ба сифати ассистенти кафедраи услубшиносии факултаи журналистика ва тарҷумонӣ оғоз кардааст. Соли 2006 натиҷаи ин тадқиқ дар шакли рисолаи номзадӣ бо номи «Калимаҳои иқтибосии арабӣ дар «Наводирулвақоеъ» - Аҳмади Дониш» таҳти роҳбарии забоншинос ва услубшиноси шинохта, профессор Б. Камолиддинов ҳимоя мегардад. Қаландаров Сарабек ба шогирдон аз фанҳои забони арабӣ ва курсу семинарҳои махсус дарс мегӯяд.
- 1985 – 1986 – Китобдори мактаби миёнаи № 2. н. Панҷ
- 1986 – 1988 – Хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ
- 1988 – 1991 – Корреспонденти рӯзномаи «Ҳаёти нав»
- 1991 – 1996 – Донишҷӯйи факултети шарқшиносии ДДТ.
- 1996 – 2003 – Ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ.
- 2003 – 2005 – Муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ.
- 2005 – 2008 – Ҷонишини декан оид ба таълими факултети журналистика.
- 2008 – 2009 – Дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ
- 2009 – 2012 – Мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистика.
- 2012 – 2015 – Ҷонишини декан оид ба таълими факултети журналистика.
- Аз моҳи апрели соли 2015 то ҳол мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистика.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Калимаҳои иқтибосии арабӣ дар «Наводирулвақоеъ» - Ахмади Дониш.- Душанбе: Олами китоб, 2010, 174с.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ мудири кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистка(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 31 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июни 2020.