Сардор Озмун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сардор Озмун
форсӣ: سردار آزمون
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус футбол[3]
Бошгоҳ FC Rostov[d], Sepahan F.C.[d], Rubin Kazan[d], Iran national under-17 football team[d], Iran national under-20 football team[d] ва Тими миллии футболи Эрон
Зодрӯз 1 январ 1995(1995-01-01)[2] (29 сол)
Зодгоҳ
Корномаи варзишӣ 2011 — то ҳол
Қад 183 сантиметр
Вазн 79 кг
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сардор Халил Озмун ( форсӣ: سردار آزمون‎; тав. 1 январи 1995, Гунбади Ковӯс, Мозандарон, Эрон) — футболбози эронии туркманнажод [4] [5] [6], ҳамлагари дастаи Зенити Русия ва Тими миллии футболи Эрон .

Корномаи бошгоҳӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Озмун дар "Ростов"

Озмун футболро дар синни 9-солагӣ оғоз кард. Дар синни 11-солагӣ вай бори аввал ба тими миллии Эрон барои бозигарони то 12-сола даъват шуд.

"Сипоҳон"[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар синни 15-солагӣ Озмун ба ҳайати клуби Исфаҳон, ки дар Лигаи бартари Эрон рақобат мекард, дохил шуд. Вай дар синни 17-солагӣ, моҳи декабри соли 2012 ба дастаи "Рубин"-и Қазон пайваст. Вай ҷавонтарин бозигари эронӣ дар таърихи футболи Эрон гардид, ки дар клуби хориҷӣ бозӣ кардааст. [7]

"Рубин"[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин бозии расмӣ барои "Рубин" 25 июли соли 2013 дар Лигаи Аврупо бар муқобили дастаи "Ягодина"-и Сербия баргузор шуд. 29 август дар бозии Лигаи Аврупо бо "Молде" ӯ ба майдон баромад ва дар дақиқаи 84-ум гол зад [8] . Дар солҳои 2013/14 дар Қаҳрамонии футболи Русия Озмун 14 бозӣ гузаронида, 4 гол задааст. Солҳои 2014/15 дар Қаҳрамонии футболи Русия дар 13 бозӣ 1 гол зада, ду корти зард гирифт.

"Ростов"[вироиш | вироиши манбаъ]

Озмун дар "Ростов"

Моҳи феврали соли 2015 то охири мавсим ҳамчун бозигари иҷора ба дастаи Ростов пайваст [9] . Вай бори аввал 8 март дар бозӣ бар муқобили Локомотив баромад кард [10] . 16 март ӯ голи аввалини худро дар ҳайати ин даста зад[11] . Дар моҳи июли соли 2015 ӯ бо Ростов шартномаи нави иҷораро ба имзо расонид, ки он то охири мавсими 2015/2016 ҳисоб карда шудааст [12] . Дар мавсими 2015/16 вай бо дастаи худ нишони нуқраи Қаҳрамонии футболи Русияро ба даст овард. Дар 25 бозӣ 9 гол задааст [13]

Сардор Озмун бо Зенит, феврали 2019

"Зенит"[вироиш | вироиши манбаъ]

1 феврали соли 2019 ӯ бо Зенити Санкт-Петербург ба муҳлати 3,5 сол шартнома баст, маблағи интиқол 12 миллион евро буд [14] [15] [16] [17] . Вай бозии аввалини худро 12 феврал оғоз кард ва дар бозии аввалини 1/16 ниҳоии Лигаи Аврупо бар зидди Фенербахче (0: 1) ба ҳайси ивазкунанда баромад. 21 феврали соли 2019 дар бозии ҷавобӣ (3: 1) ӯ аввал дар ҳайати асосӣ баромад карда, ба Магомед Оздоев паси головар дода, инчунин ду гол зад [18] [19] . 22 феврал ӯ дар Лигаи Аврупо бозигари ҳафта шинохта шуд [20] . 2-юми март дар бозии аввалин худ дар Лигаи бартари Русия голи ғалабаоварро ба ҳадаф расонд (1: 0) [21] . Дар мавсими 2018/19 ӯ нишони тилои Қаҳрамонии футболи Русияро ба даст овард . 19 августи соли 2020 "Зенит" дар бозии даври 3-юми Лигаи бартари Русия ССКА-ро мағлуб кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Газпром Арена" баргузор шуда, бо ҳисоби 2: 1 ба фоидаи мизбонон ба анҷом расид. Ҳамлагари "Зенит" Сардор Озмун дар дақиқаи 19-уми вохӯрӣ ҳисобро боз кард ва дар дақиқаи 69-ум дубора гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин кард.

Корнома дар ҳайати тими миллӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сардор Озмун дар бозии тими миллии футболи Эрон

Вай дар тими ҷавонони (то 20-сола) Эрон бозӣ кардааст. Соли 2012 ӯ беҳтарин нишонзани Ҷоми Иттиҳод шуд (7 гол дар шаш бозӣ [22] ).

Моҳи декабри соли 2018 Озмун дар Ҷоми Осиё-2019 ширкат кард . 7 январ дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳӣ бо Яман (5: 0), ӯ дар дақиқаи 53-юми бозӣ гол зад. Дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо Ветнам, ду голи Озмун ғалабаи дастаашро таъмин кард. Дар бозии чорякфиналӣ бо тими миллии Чин (3: 0) ӯ голи дуюмро зад. Сардор Озмун бо тими миллии футболи кишвараш дар Ҷоми Ҷаҳон-2018 (Русия) ширкат кардааст.

Дастовардҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Даставӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

"Ростов"
  • Нишони нуқраи Қаҳрамонии футболи Русия : 2015/16
"Зенит"
  • Қаҳрамони футболи Русия (2): 2018/19, 2019/20
  • Ғолиби Ҷоми Русия : 2019/20
  • Ғолиби Суперҷоми Русия : 2020

Ҷамъ: 4 ҷоиза

Тими миллии футболи Эрон[вироиш | вироиши манбаъ]

Шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Беҳтарин нишонзани Қаҳрамонии футболи Русия : 2019/20 (17 гол)
  • Дар рӯйхати 33 футболбози беҳтарини Қаҳрамонии футболи Русия ( 3 ): № 1 - 2019/20, No 2 - 2018/19, No 3 - 2015/16

Омори клубҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 23 августи 2020

Ҳунарнамоӣ дар тими миллӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамъ: 51 бозӣ / 33 гол; 33 ғалаба, 12 мусовӣ, 6 бохт.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар оилаи волеболбозон калон шудааст. Падари ӯ Халил Озмун дар тими миллии волейболи Эрон, хоҳараш низ дар тими волейболи Эрон бозӣ мекард ва модараш мураббии волейбол аст [23] . Озмун форсӣ, туркманӣ [24] [25] ва русиро медонад. [26]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. (unspecified title) — 80 с. — ISBN 978-65-5516-143-4
  2. Transfermarkt.com(бис.) — 2000.
  3. https://www.bdfutbol.com/en/j/j41735.html (кат.)
  4. Сердар Азмун: «Для меня будет честью посетить Туркменистан»
  5. Артем Дзюба: Азмун не иранец, он — туркмен — Советский спорт
  6. Дзюба — об Азмуне: «Он не иранец, он — туркмен» | Спорт на БИЗНЕС Online. 3 ноябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2021.
  7. Inter Milan, Benfica and Rubin Kazan are waiting for the youngest Legionnaire of Iran’s Football. Persian League (7 Декабри 2012). 13 августи 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 сентябри 2013.
  8. Рубин-Мольде 3:0 — онлайн трансляция матча. Чемпионат.com (29 августи 2013). 29 августи 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 сентябри 2013.
  9. Нападающий ФК «Рубин» Азмун перешел в «Ростов» на правах аренды
  10. Ростов-Локомотив. 3 ноябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июли 2018.
  11. «Ростов» одержал первую победу под руководством Бердыева, выиграв у «Кубани»
  12. «Ростов» взял Азмуна в аренду с правом выкупа.
  13. «Ростов» победил «Урал» и выступит в Лиге чемпионов
  14. Спасибо за всё, Сердар! Азмун покидает «Рубин». Официальный сайт ФК «Рубин» (Казань) (1 феврали 2019). 2 феврали 2019 санҷида шуд.
  15. Сердар Азмун переходит в «Зенит»!. Официальный сайт ФК «Зенит» (Санкт-Петербург) (1 феврали 2019). 2 феврали 2019 санҷида шуд.
  16. Почти 3 млн подписчиков в инстаграме и 8 очков по системе «гол+пас». Всё что нужно знать о Сердаре Азмуне. Официальный сайт ФК «Зенит» (Санкт-Петербург) (2 феврали 2019). 2 феврали 2019 санҷида шуд.
  17. Лидерство в сборной Ирана, карьера под руководством Бердыева и другие факты о Сердаре Азмуне. Официальный сайт ФК «Зенит» (Санкт-Петербург) (2 феврали 2019). 2 феврали 2019 санҷида шуд.
  18. «Зенит» — «Фенербахче»: петербуржцы побеждают и выходят в следующий раунд Лиги Европы УЕФА. Официальный сайт ФК «Зенит» (Санкт-Петербург) (21 феврали 2019). 22 феврали 2019 санҷида шуд.
  19. Сердар Азмун стал лучшим игроком недели в Лиге Европы УЕФА. Официальный сайт ФК «Зенит» (Санкт-Петербург) (22 феврали 2019). 22 феврали 2019 санҷида шуд.
  20. Азмун признан лучшим игроком недели в Лиге Европы. Чемпионат (22 феврали 2019). 14 марти 2019 санҷида шуд.
  21. Футбольный матч Урал - Зенит, 02 марта 2019, Российская Премьер-Лига обзор, счет, видео голов футбольного матча Урал - Зенит(рус.). fc-zenit.ru. 2 марти 2019 санҷида шуд.
  22. Рубин подписал Сердара Азмуна. Sport.ua (12 Декабри 2012). 13 августи 2013 санҷида шуд.
  23. Дар Сердара Бойгонӣ шудааст 19 октябри 2013  сол.
  24. Сердар Азмун: «В Туркменистан впервые приезжал в 8-летнем возрасте» | Спорт
  25. Сердар Азмун: «Для меня будет честью посетить Туркменистан» | Спорт
  26. Сердар Азмун: «Для нашего народа лошади всегда на первом месте» | Спорт