Футбол

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол
Тавсифот
Гурӯҳ бозии даставӣ
Варзишгарон дар даста 11
Абзор тӯб
Аввалин мусобиқот
Сол Асри 3юм - 2юми ПАМ (Сулолаи Хон), Хитой[1][2][3]
Чемпионати ҷаҳон соли 1930
Федератсияи байналмилалӣ
Ном ФИФА
Соли таъсис соли 1904
Раиси федератсия Ҷанни Инфантино
Веб-сайт FIFA.com
Лоиҳаҳои марбут
Гурӯҳ:Футбол
Портал:Футбол
Лоиҳа:Футбол
 Парвандаҳо дар Викианбор

Футбол (аз англисӣ: football, «тӯби поӣ») — навъи варзиши даставист, ки ҳадафаш ба миқдори бештар ба дарвозаи ҳариф ворид сохтани тӯб мебошад. Дар айни замон аз ҳама маъмултарин намуди варзиш дар рӯи олам мебошад.

Дарвозабон
Тӯби Футбол
Дар футбол ҳадафи аслии мухлисон ташвиқ кардани дастаи онҳо ҳангоми бозӣ аст

Таърихи футбол[вироиш | вироиши манбаъ]

Бозиҳои ба монанди футбол дар байни халқҳои гуногун аз қадим мавҷуд буданд, вале аввалин қоидаҳои ин навъи варзиш соли 1848 навишта шудаанд. Соли расмии бавуҷудоии футбол соли 1863 дониста шудааст. Дар ин сол Федератсияи футболи Англия таъсис ёфтааст, ва қоидаҳои ба қоидаҳои ҷорӣ наздик тасдиқ шудаанд. Чунонеки малум аст, футбол аввалин бор дар Англия таъсис ёфтааст.

Қоидаҳои бозӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Қоидаҳои кунунии футбол аз 17 боб иборат аст. Дар онҳо ҳама ҷабҳаҳои бозӣ аз тарзи рангкунии майдони футбол то ҷазои бозингарон барои бозии номашрӯъ оварда шудаанд. Ба дурустии иҷрои қоидаҳои бозӣ дар майдон, ҳайати доварон назорат мекунанд. Дарвозабон, бешубҳа, як бозингари беназир дар майдон аст. Вай дар тан либоси беназире дорад, посгоҳро посбонӣ мекунад, тӯбро бо дастонаш дар дохили майдони ҷаримавӣ идора мекунад.[4]

Раванди бозӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Як бозии футбол аз ду тайми 45 дақиқагӣ иборат аст. Дар танаффуси байни таймҳо дастаҳо дарвозаҳояшонро иваз мекунанд.

Футболро дар майдони бо алафи табиӣ ё сунъӣ пӯшидашуда бозӣ мекунанд. Дар бозӣ ду дастаи 11 нафара иштирок мекунанд. Як бозингар — дарвозабон метавонад бо даст дар майдончаи ҷаримавӣ тӯбро нигоҳ дорад. Вазифаи асосии ӯ ҳимояи дарвоза мебошад. Дигар бозингарон низ вазифа ва мавқеи худро дар майдон доранд. Ҳимоятгарон — дар қисми майдони худашон меистанд, вазифаи онҳо — нагузоштани ҳуҷуми ҳарифон мебошад.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]