Қаторкӯҳи Сарикӯл
Мушаххасот | |
---|---|
Дарозӣ |
|
Паҳно | 35 км |
Нуқтаи баландтарин | |
Баландии мутлақ | 6 351 м |
Макон | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Сарикӯл, Сариқӯл — қаторкӯҳест дар Помири Шарқӣ, байни сарҳадди Тоҷикистон (ноҳия Мурғоб) ва Чин.
Аз Шимол ба Ҷануб (аз водии дарёи Маркансу то ағбаи Бейик) ба масофаи қариб 350 километр тӯл кашидааст. Бахшгоҳи ҳавзаи рӯдҳои Тарим, Ому ва кӯли Қарокӯл мебошад.
Қисмҳои шимол ва ҷануби қаторкӯҳ ба самти наздик ба меридианӣ тӯл кашидаанд. Қисми мобайнии он ба тарафи Шарқ тоб хӯрда, хамиҳои Шӯркӯлу Рангкӯлро фаро гирифтааст. Қуллаи баландтаринаш — Лавирдир (6351 метр, дар Чин), қуллаҳои дигари машҳураш — Командирони Сурх (5822 метр), Қаросон (5747 метр). Пиряхҳо бештар дар қисми шимоли қаторкӯҳ ҷойгир шудаанд (масоҳати умумии онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон 143,8 км²). Сарикӯл асосан аз варақсангҳои кристаллӣ, гнейсҳо ва ҷинсҳои гранитӣ таркиб ёфтааст. Ландшафташ биёбонии баландкӯҳӣ; дар нишебиҳои паст хорбуттаҳои болиштакӣ мерӯянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сариқӯл / У. Олимов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).