Jump to content

Қаторкӯҳи Сарикӯл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаторкӯҳи Сарикӯл
?
Мушаххасот
Дарозӣ
  • 350 км
Паҳно35 км
Нуқтаи баландтарин
Баландии мутлақ6 351 м
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Сарикӯл, Сариқӯл — қаторкӯҳест дар Помири Шарқӣ, байни сарҳадди Тоҷикистон (ноҳия Мурғоб) ва Чин.

Аз Шимол ба Ҷануб (аз водии дарёи Маркансу то ағбаи Бейик) ба масофаи қариб 350 километр тӯл кашидааст. Бахшгоҳи ҳавзаи рӯдҳои Тарим, Ому ва кӯли Қарокӯл мебошад.

Қисмҳои шимол ва ҷануби қаторкӯҳ ба самти наздик ба меридианӣ тӯл кашидаанд. Қисми мобайнии он ба тарафи Шарқ тоб хӯрда, хамиҳои Шӯркӯлу Рангкӯлро фаро гирифтааст. Қуллаи баландтаринаш — Лавирдир (6351 метр, дар Чин), қуллаҳои дигари машҳураш — Командирони Сурх (5822 метр), Қаросон (5747 метр). Пиряхҳо бештар дар қисми шимоли қаторкӯҳ ҷойгир шудаанд (масоҳати умумии онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон 143,8 км²). Сарикӯл асосан аз варақсангҳои кристаллӣ, гнейсҳо ва ҷинсҳои гранитӣ таркиб ёфтааст. Ландшафташ биёбонии баландкӯҳӣ; дар нишебиҳои паст хорбуттаҳои болиштакӣ мерӯянд.