Сарчашма (деҳа)
Сарчашма - деҳа, аз маркази Ҷамоати Ҳисор 4 км ва аз маркази ноҳияи Ҳисор дар масофаи 9 км ҷой гирифтааст, 740 нафар аҳолӣ ва 214 хоҷагӣ дорад. Сарчашмаро солҳои пеш Кӯли Мирӣ мегуфтанд, мири Ҳисор бо аҳли рикобаш дар ин мавзеъ ба шикор меомад, баъд Обкӯлӣ мегуфтанд ин ҷоро, оқибат талаффузи мардум вайрон шуда, деҳаро Оқулӣ номгузорӣ карданд, ҳол он ки кӯли ин мавзеъ сафед набуд. Дар ин макон дар даврони гузашта 30- 35 чашма вуҷуд дошт, дар назди чашмаҳо кӯли калони Шодикуш мавҷуд буд. Вақте ки барзаговҳо барои обнӯшӣ ҷониби кӯл мераванд, Шодӣ ном ҷуфтрон аз тарси хоҷааш испорро сар надода, ҳамроҳи барзаговҳо дар кӯл ғарқ мешавад. Тибқи гуфтаи мардум, Обкӯлии Боло с. 1905 бунёд Аз оби ҷӯйи онҳо сокинони деҳаҳои Обкӯлии Поён, Ҷангал, Ҳуснобод ва Сунбула низ истифода мебаранд. 23.01.1989 соати 5-у 5 дақиқа дар ин мавзеъ зилзилаи сахт рух дод,моеи лойқамонанд аз зери замин баромада, хонаю ҳавлию бошишгоҳу заминҳои киштро зер кард, 101 нафар мардуми деҳа ба зери замин рафтанд. [1]
Пайнавиштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 505