Сафар дар замон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сафар дар замон (англ. Time travel) — ба идеяи ҳаракати байни лаҳзаҳои мухталиф дар замон гуфта мешавад, ки мушобеҳи ҳаракат байни маконҳои мухталиф дар фазо сурат мегирад, ва дар он имкони ирсоли ашё (ва дар баъзе ҳолатҳо фақат иттилоъот) ба замони гузашта ва оянда вуҷуд дорад.

Бо ин ки аз қарни нуздаҳум, сафар дар замон ҳамвора мавзӯъи достонҳои илми-тахайюлии бисёре будааст ва низ сафари яктарафа дар фазо бо истинод ба падидаи парадкоси замонӣ мубтанӣ бар суръат дар теорияи нисбияии хос ва низ парадакоси замонии ҷозибаӣ дар нисбяти омм, тақрибан имконпазир аст, аммо ҳанӯз ин, ки қонунҳои физик имкони бозгашт ба замони гузаштаро медиҳанд ё на маҷҳул мондааст. Ин назария тавассути Алберт Эйнштейн матраҳ шуда буд ва гуфта буд, ки агар ҷисме битавонад бештар аз суръати нур ҳаракат кунад ба сафар дар замон мепардозад. Токунун имконпазир будани бозгашт дар замон ба далели асли воқеиъят ҳамакунун мардуд аст. Ба ҳар василае — чи тахайюлӣ ва чи фарзӣ — ки барои сафар дар замон ба кор равад умуман мошини замон гуфта мешавад. Идеяи мошини замон тавассути румон «Мошини замон»-и Ҳ. Ҷ. Веллс дар соли 1895 роиҷ шуд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Cheng, John (2012). Astounding Wonder: Imagining Science and Science Fiction in Interwar America (illustrated ed.). University of Pennsylvania Press. p. 180. ISBN 978-0-8122-0667-8.  Extract of page 180