Фазо
Зоҳир
Фазо (ар. فضا) — як густараи себуъдии номаҳдуд, ки ҷисмҳо дар он вуҷуд ва рӯйдодҳо дар он рух медиҳанд ва фосилаву ҷиҳати нисбӣ доранд.[1] Фазои физикӣ ағлаб дар се буъди хаттӣ тасаввур мешавад, аммо физикдонони навин маъмулан онро дар канори замон ба унвони як пайвастори номаҳдуд 4 буъдӣ ба номи фазозамон тавсиф мекунанд. Мафҳуми фазо аҳамияти бунёдин дар дарки ҷаҳони физикӣ дорад. Аммо байни файласуфон ҳамчунон бар сари инки оё фазо худ як мавҷудият аст, ё инки робитае миёни мавҷудиятҳо ё бахше аз як чорчуби мафҳумӣ аст, ихтилофи назар вуҷуд дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ space | physics and metaphysics(англ.). www.britannica.com. Britannica. 5 марти 2022 санҷида шуд.