Саъдулло Азизбоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Саъдулло Азизбоев
Санаи таваллуд

1932(1932)

Зодгоҳ

ноҳияи Истаравшан

Санаи марг

1998(1998)

Касб(ҳо)

мусиқидон

Саъдулло Азизбоев (1932, деҳаи Лакати ноҳияи Истаравшан1998, ҳамон ҷо) — сароянда (тенори лирикӣ) ва режиссёри тоҷик. Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1963).

Ҳолнома[вироиш]

Саъдулло Азизбоев (1932, деҳаи Лакати ноҳияи Истаравшан – 1998, ҳамон ҷо), Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа (1953). Фаъолияти ҳунариаш дар дастаи ҳаваскорони санъати омӯзишгоҳ оғоз ёфтааст. Муаллим ва роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи деҳаи Лакат (1955 – 1959), роҳбари бадеии дастаи ҳаваскорон (1959 – 1962) ва директори Хонаи маданияти ш. Ӯротеппа (1962 – 1966), артисти Театри драмаи мусиқии ноҳияи Нов (1966 – 1967) буд. Аз с. 1967 директори Хонаи маданият ва режиссёри Театри халқии Ӯротеппа. Азизбоев чун овозхони соҳибистеъдод бо сурудҳои фораму тароватнокаш дар инкишофи санъати мусиқии тоҷик ҳиссаи босазо дорад. Махсусан дар иҷрои сурудҳои классикии Шашмақом маҳорати калон зоҳир намудааст. Сурудҳои «Ушшоқи Самарқанд», «Ушшоқи Содирхон», «Ироқ», «Дугоҳ» ва ғ. аз беҳтарин оҳангҳои иҷрокардаи ӯянд Азизбоев инчунин дар саҳнаи Театри халқии Ӯротеппа зиёда аз 20 пйесаҳои хурду калон («Зафар»-и Р. Ҳайдаров, «Орзу»-и М. Назаров, «Супориши ЧК» ва «Дилшод»-и А. Сидқӣ, «Лаҳзаи ҷовид»-и М. Бахтӣ, «Сияҳсавор»-и Б. Раҳимзода, «Ҳаёти заҳрнок»-и Ниёзӣ ва ғ.)-ро таҳия кардааст.

Мукофотҳо[вироиш]

  • Дорандаи ҷоизаҳои фестивалҳои умумииттифоқии ҳаваскорони санъат (1975, 1977).
  • Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.