Jump to content

Саъид Муллоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саъид Муллоӣ
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус ҷуду[1]
Зодрӯз 5 январ 1992(1992-01-05) (32 сол)
Зодгоҳ
Қад 175 сантиметр
Вазн 81 кг
 Парвандаҳо дар Викианбор

Саъид Муллоӣ (форсӣ: سعید ملایی‎ тав. 5 январи 1992) — ҷудукори эронии озаритабор, барандаи нишони нуқраи Бозиҳои олимпик (Токиё, 2020), қаҳрамони ҷудуи ҷаҳон дар вазни зери 81 кг (Боку; 2018). Ҷоизадори Бозиҳои осиёӣ ва қаҳрамониҳои ҷудуи Осиё.

Корномаи варзишӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 2015 ва 2016 дар Қаҳрамонии ҷудуи Осиё дар вазни зери 81 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Вай дар Бозиҳои олимпии соли 2016 ширкат варзид, аммо дар даври аввал аз Ҳасан Холмурзоев (ҷудукори Русия) мағлуб гашт.

Дар Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳони соли 2017 дар Будапешт соҳиби нишони биринҷӣ мешавад[2].

Дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ (Ҷакарта; 2018) нишони нуқра ба даст овард.

Дар Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон (Боку; 2018) нишони тилоиро соҳиб гашт, ки аз аввалин нишони тилоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон барояш буд.

Дар Қаҳрамонии ҷудуи ҷаҳон (Токиё; 2019), дар даври ниманиҳоӣ аз давоми рақобат даст кашид. Ӯ ба намояндаи Федератсиюни ҷудуи ҷаҳон арза дошт, ки ҳукумати Эрон амри дар даври ниманиҳоӣ мағлуб шудан аз ҷудукори белжикиро ба ӯ додаанд, то дар даври ниҳоӣ бо ҷудукори яҳудӣ Сагӣ Мукӣ рӯ ба рӯ нашавад. Вазири фарҳанг ва варзиши Исроил Маттиас Кассе эълон кард, ки онҳо омодаанд, то рақобати алоҳидаи Сагӣ ва Саъидро доир кунанд. Сагӣ Мукӣ дар мусоҳибае гуфт, ки нисбати Саъид эҳтироми хосса дорад ва хеле мехоҳад, ки бо ӯ рақобате дошта бошад. Шурӯъ аз соли 2020 Саъид Муллоӣ узви тими миллии ҷудуи Муғулистон аст ва дар мусобиқоти байналмилӣ зери дирафи ин кишвар баромад мекунад.

  1. https://www.judoinside.com/judoka/81144 (ингл.) — 2002.
  2. L'Allemand Alexander Wieczerzak sacré en -81 kg(фр.), Sport24 (2017-08-31CEST18:39:23+0200). Проверено 21 октябри 2018.