Jump to content

Саҳобии Астарободӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саҳобии Астарободӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир

Саҳобии Астарободӣ (форсӣ: سحابی استرآبادی‎; ?, Шуштар — 1601, Наҷаф) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҷавонӣ аз Шуштар ба Наҷаф рафта чил сол дар он ҷо иқомат ва касби камол кардааст. Ба ҳамин ҷиҳат ба Астарободӣ ва Наҷафӣ маъруф аст. Гоҳе номашро Шайх Саҳобӣ ҳам сабт кардаанд. Аз ашъораш бармеояд, ки марди суфимашраб буда, Қуръонро хуб медонистааст. Саҳобии Астарободӣ дар ғазал ва рубоӣ маҳорати тамом доштааст. Баъзе рубоиёти ӯро ба Хайём нисбат додаанд. Мавзӯи асосии ашъори шоир тараннуми ишқи пок, зебоии зисту зиндагонии беолоиш буда, инсонро ба покӣ даъват менамояд.

  • Саҳобии Астарободӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).