Сездаҳбадар
Сездаҳбадар — яке аз русуми ъумдаи Наврӯз, ки рӯзи сездаҳуми фарвардин баргузор мешавад.
Сездаҳбадар
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷашни Сездаҳфарвардинмоҳ рӯзи бисёр муборак ва фархунда аст. Эрониён чун дар мавриди ин рӯз огоҳии комилтаре доранд он рӯзро наҳс медонанд. Барои берун кардани наҳс аз хона ва кошонаи худ канори ҷуйборҳо ва сабзаҳо рафта, ба шодӣ мепардозанд. То кунун ҳеч донишманде зикр накарда, ки сездаҳнаврӯз нахуст аст балки қариб ба иттифоқ рӯзи сездаҳнаврӯзро бисёр масъуд ва фархунда донистаанд. Масалан дар саҳифаи 266-уми «Осор-ул-боқия» ҷадвал барои саъд ва наҳс оварда шуда, ки дар он сездаҳнаврӯз, ки тири рӯз ном дорад калиман маънои «фархундаро» дорад. Ба ҳеч ваҷҳ нахуст ва кароҳат надорад. Баъд аз ислом сенздаҳ антамоми моҳҳоро наҳс медонанд. Ба иштибоҳ сенздаҳи иди наврӯз наврӯзро наҳс ҳисобидаанд. Вақте дар бораи некуйи ва фархунда будани рузи сездаҳуми наврӯз бештар диққат ва баррасӣ кунем мушоҳида мешавад, ки мавзӯъи бисёр маъқул ва мустанад ба собиқи таърих аст. Сездаҳуми ҳар моҳи шамсӣ, ки тири рӯз номида мешавад, марбут ба фариштаи бузург ва арҷуманде аст, ки «тир» ном дорад ва дар паҳлавӣ онро «тиштар» меноманд. Эрониёни қадим пас аз дувоздаҳ рӯзи ҷашн гирифтан ва шодӣ карданд, ки баёди дувоздаҳ моҳи сол аст. Рӯзи сездаҳуми Наврӯзро, ки рӯзи фархунда аст ба боғ ва саҳро мерафтанд ва шодӣ мекарданд, дар ҳақиқат он бо ин тартиб расмӣ будани даврони наврӯзро ба поён мерасониданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- http://www.mehriran.ir/pages/jashn.htm#سیزده_به_در_ Бойгонӣ шудааст 6 июни 2017 сол.
- http://torob6irani.persianblog.ir/tag(пайванди дастнорас)