Наврӯз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ангораи Наврӯзӣ [1]
Фасли баҳор 1.JPG
Дастархони наврӯзӣ

Наврӯз (порсӣ: نوروز , курдӣ: Newroz) — Иди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадими ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Афғонистон - 21 март; Эрон - аз 20 то 23 март; Озарбойҷон - аз 20 то 26 март; Қазоқистон - аз 21 то 24 март; Туркманистон - аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Курдистон - 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) - аз 20 то 23 март; Косово - 21 март рӯзҳои истироҳат аст.[2] Дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз - 21 март-24 мартбаргузор мегардад.[3]

Таьрихи Иди Наврӯз[вироиш]

Навруз-2013 - выставка изделий.JPG
Кашидаву болишт.JPG

Пайдоиши Наврӯз мувофиқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ[вироиш]

Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».

Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ал-тафҳим» овардааст, ки

«чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Чамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд»

. ҳамчунин дар ҷои дигари ин китоб чунин овардааст, ки

«Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст»

.

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда аз осори Абурайхон Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки - ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

«Наврӯзнома» - и Умари Хайём[вироиш]

Наврӯз, Бузкаши
Иди Наврӯз дар Душанбе.JPG
Иди Наврӯз дар Душанбе 1.jpg
Наврӯз дар назди ҳайкали А. Рӯдакӣ

Дар рисолаи «Наврӯзнома» нисбат дода ба Умари Хайём низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем.

Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад.

Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки

«чун Каюмарси аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳи биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Мубадон гирд карда ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Муъбадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд. Ва чунин гуфтанд мубадони Аҷам, ки доноёни рӯзгор буданд, ки Эзиди таборак ва таоло дувоздаҳ фаришта офаридааст: аз ин чаҳор фаришта бар осмонҳо гумоштааст, то осмонро ба ҳар чи андар ӯст, аз аҳриманон нигоҳ доранд; ва чаҳор фариштаро бар чаҳор гӯшаи ҷаҳон гумоштааст, то аҳриманонро гузар надиҳанд, ки аз куҳи қоф баргузаранд.

Ва чунин ки чаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ. Ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав, андар сарои куҳан бар оварда. Ва Эзиди таоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳову заминҳоро бад-у парвариш дод. Ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурҳои Эзиди таоло ва андар вай ба ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди таолоро иноят беш аз дигарон будааст.

Ва гӯянд мисоли он чунон аст, ки малики бузург ишорат кунад ба хилофате ба хулафои хеш, ки ӯро бузург доранд ва ҳаққи ҳунари вай бидонанд, ки ҳар ки варо бузург доштааст, маликро бузург дошта бошад. Ва гӯянд, чун Эзиди таборак ва таоло бад-он ҳангом, ки фармон фиристод, ки (Офтоб) суббот баргирад, то тобиш ва манфиати ӯ ба ҳама чизҳо бирасид. Офтоб аз сари ҳамал бирафту осмон ӯро баргардонид ва торикӣ аз рӯшноӣ ҷудо гашту шабу рӯз падидор шуд. Ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро.»

Пас аз он ба ҳазору чаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон рӯз бозрасид. Ва он муддат ҳафтоду се бор қирони Кайвон ва Урмузд бошад, ки онро «қирони асғарӣ» хонанд ва ин қирон ҳар бист сол бошад. Ва ҳар гоҳ ки Офтоб давраи хештан сипари кунаду бад-ин ҷой бирасад ва Зуҳал ва Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути (фаромадани) Зуҳал андар ӯст, қирон бувад бо муқобили ин бурҷи Мизон, Зуҳал андар ӯст, ки давр ин ҷо ва як давр он ҷо бад-ин тартиб, ки ёд карда омаду ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд. Чунон ки Офтоб аз сари ҳамал равон шуду Зуҳалу Муштари бо дигар кавокиб он ҷо буданд, бо фармони Эзиди таоло олам дигаргун гашт. Чизҳои нав падид омад, монанди он, ки дархурди олам ва гардиш буд. Чун он вақтро дарёфтанд, маликони Аҷам аз баҳри бузургдошт Офтобро аз баҳри он, ки ҳар кас ин рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамагон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд. Ва чунин гӯянд, ки Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард. Ва чун як даври Офтоб бигашт, солро дар муддати сесаду шаступанҷ рӯз ба дувоздаҳ қисмат кард, хар бахше си рӯз. Ва ҳар якеро аз он номе ниҳоду ба фаришта бозбаст аз он дувоздаҳ фаришта, Эзиди таборак ва таоло эшонро бар олам гумоштааст. Пас, он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шаступанҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯзи аст, «соле бузург» ном кард ва ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузургу нав гаштани аҳволи олам бошад. Ва бар подшоҳон воҷиб аст оин ва расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборак ва аз баҳри таърихро ва хуррами кардан ба аввали сол ҳар ки рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то наврӯзи дигар умр дар шоддӣ ва хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибаи ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд. Пас, Каюмарс ин муддатро бад-ин гуна ба дувоздаҳ бахш карду ибтидои таърих падид кард. Пас, он оин то ба рӯзгори Искандари Румӣ, ки ӯро «Зулқарнайн» хонданд, бимонд. Ва то он муддат кабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд то бар рӯзгори Ардашери Бобакон, ки ӯ кабиса карду ҷашн бузург дошт ва аҳднома бинвишт ва он рӯзро «Наврӯз» бихонд. Ва ҳам бар он оин мерафтанд то ба рӯзгори Нуширвони Одил. Чун Айвони Мадоин тамом гашт, Наврӯз кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунон ки оини эшон буд. Аммо кабиса накард ва гуфт:«Ин оин баҷо монад, то ба сари давр, ки Офтоб ба сари Саратон ояд, то он ишорат ки Каюмарс ва ҷамшед карданд аз миён бархезад». Ин бигуфт ва дигар кабиса накард, то рӯзгори Маъмуни халифа. ӯ бифармуд, то расад бикарданд. Ва ҳар соле, ки Офтоб ба ҳамал омад, Наврӯз ид фармуд кардан. Дар бораи ба вақти мизони баҳор овардани иди Наврӯз дар замони хилофати араб кӯшишҳои зиёде карданд ва оқибат ба вақти таърихии худ баргардониданд. Танҳо соли 392 ҳиҷрӣ-қамарӣ дар натиҷаи ҳар чаҳор сол якрӯзӣ ақиб мондан ба аввали ҳамал расид.

Таърихи пайдоиши маросими Наврӯз[вироиш]

Фасли баҳор.JPG
Среди поклонников. Панджакент.Таджикистан.JPG
Принц и принцесса - Навруз - 2011.JPG
Навруз-2013 (2)-дети в национальной одежде.JPG
Национальная одежда (Праздник Навруз).JPG
Приданное для новобрачных. Панджакент. Таджикистан.JPG
Какая кашида (вышивка) лучшая. Панджакент. Таджикистан.JPG
Вышивка тюбитеек. Народное ремесло.Таджикистан.JPG
Швея джихака - украшения для женщин. Панджакент.Таджикистан.JPG

Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки

« «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст»
»

ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки

« «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст»
»

Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нӯронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

«

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
»

Бархе аз ривоёти таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоётҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишиён низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар сангнабиштаҳои баҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавиштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоёт, аз Зардушт ба унвони бунёдгузори Наврӯз номбар шуда аст.

Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст. ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз куҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти овардашуда аз осори Абурайҳони Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки - ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мековад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Аз ин китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст.

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якӯм то панҷӯми моҳи фарвардин гиромӣ дошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.

«Наврӯзи омма»[вироиш]

Равоёти дигаре низ, ки дар даст аст ва дар манобеи мухталиф аз онҳо ёд шуда, бешу кам бо ҳамин таъбирот ҳамроҳӣ дорад, ки «рӯзи аввали фарвардин ибтидои баҳор аст ва инро «Наврӯзи кучак», «Наврӯзи омма» ва «Наврӯзи сағир» гуянд. Худой таъоло дар ин рӯз оламро офарид ва ҳар ҳафт кавкаб дар авҷи тадвир буданд ва авҷоти ҳама дар нуқтаи аввал Ҳамал буд. Дар ин рӯз ҳукм шуд, ки ба сайру давр дароянд ва Одам алаҳиссаломро низ дар ин рӯз халқ кард ва баъзе гуфтаанд, ки Ҷамшед, км ӯ аввал Ҷам ном дошт ва арабон ӯро Манушалх мегуянд, сайри олам мекард. Чун ба Озарбойҷон расид, фармуд тахти мурассае бар ҷои баланде рӯ ба ҷониби машриқ, гузоранд ва худ тоҷи мурассае бар cap ниҳода, бар он тахт биншаст.[4]

Ҳамин ки офтоб тулӯъ кард ва партаваш бар он тоҷу тахт уфтод, шуое дар ғояти равшанӣ падид омад. Мардумон аз он шод шуданд ва гуфтанд «ин рӯзи нав аст» ва чун ба забони пахлавӣ шуоъро «шед» мегӯянд, ин лафзро бар ҳукм афзуданд ва ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он рӯз ин расм пайдо шуд». Мӯҳраз аст, ки агар ҳам дар дарбори шоҳони Сосонӣ як моҳро ба Наврӯз ихтисос медоданд, ин амр мусталзами он набуд, ки оҳоди раият низ даст аз кор бикашанду ба айшу нӯш пардозанд. Чун раволи зиндагии аксарияти заҳматкаш низ бар кору талоши доим устувор буд ва ҳамон ки сездаҳи Наврӯз ба cap мерасид, ба таври ҷиддӣ кӯшишҳои вақфанопазиру бетакаллуфи худро аз cap мегирифтанд. Дар ҳар яке аз рӯзҳои Наврӯзи омма, табақае аз табақоти мардум (деҳқонон, рӯҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф) ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханони онҳо гӯш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард. Дар рӯзи шашум, шоҳ ҳаққи табақоти гуногуни мардумро адо карда буд ва дар ин рӯз, танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури ӯ меомаданд. Рӯзи аввали фарвардинмоҳ шоҳон ба тахт дар сар тоҷи ҳафтситорадор менишастаанду тӯли панҷ рӯз мардумро қабул мекардаанд, ҳоҷати онҳоро мебаровардаанд ва ҳадяҳо мебахшиданд. Нахустин кассе, ки барои подшоҳ меомад, мубади мубадон ва пас аз он дигарон, ҳар кадом дар гурӯҳи пешаи худ, пеш меомад ва раҳовард пешкаш мекарданд. Рӯзи шашум, Наврӯзи Бузург буд ва хонадони шоҳӣ ва дарбориён бор меёфтанд. ҷашни Наврӯз, ки дар гузашта баргузор мешуд, ҳамин панҷ рӯзро дар бар мегирифт. Дар ин маврид Хоҷа Ҳофиз дар ишораи сарбастае, ба таъбири худаш «дар парда» вобаста ба ин расм мегӯяд:

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

«Наврӯзи хурдод» ё «Наврӯзи бузург»[вироиш]

Haft Seen in Iran.jpg

Нахустин пешомади муҳими ин рӯз таваллуди Зартушт — пайғамбари ориёист, ки ба эътикоди пайравони он диёнат мабдаи некиҳост, ҳарчанд ки замони зуҳури вайро муҳаққиқон дар авохири ҳазораи дувуми пеш аз мелод (байни 1150 то 1100 пеш аз мелод) мешуморанд. Мусалламан ба суҳулат наметавон дар бораи он сухан гуфт, вале бинобар эътиқоди эрониён, рӯзи муқаддас аст охирин рӯз, рӯзи ҷашни бузурги Наврӯз аст, ки «Наврӯзи хурдодӣ» ё «Наврӯзи бузург» ва «Наврӯзи хосса» хонда мешавад ва зартуштиён бо баргузории ҷашни мелоди паёмбарашон дар ин рӯз ба ҷашнҳои наврӯзӣ поёни зебо мебахшанд. Дар ин бора, ки аз чӣ замоне «Наврӯзи хурдодӣ» баргузор мешавад, чизе мамедонем. Шояд пас азислом ин ҷашн арзишу баҳои вижа ёфтааст. Дар матни паҳлавии «Моҳи фарвардин — рӯзи хурдод» Урмузд дар посухи Зартушт, ки мепурсад: «чаро мардумон хурдодрӯзӣ фарвардинмоҳро аз дигари рӯзҳо гиромитар медоранд?» мефармояд: зеро ба хурдодрӯзи фарвардин ба ҷаҳониён ҷон додаму дар ин рӯз Эрону Анэрон надид омадаанд, Каюмарсу Ҳушанг андар ҷаҳон ба пайдои омадаанд ва дар ҳамин рӯз Каюмарс Арзурро бикушт ва Ҳушанг Аҳримани дурӯғро барои муддати си сол аспи савории худ кард. Рӯзи шашуми фарвардин буд, ки меҳру меҳрбонӣ аз замин фароз растанд ва Ҷам ба ҷаҳон ҷавонии бепоён бахшид ва барои мурдагон устудонҳо сохт. Дар ин рӯз Фаридун ҷаҳонро тақсим кард. Рум ба Салм дод ва Тӯрон ба Тӯру Эроншаҳр ба Эраҷ. Рӯзи шашуми фарвардин чанд мазҳари номардӣ ба дасти мардумон кушта мешаванд, аз он ҷумла Ажидаҳок ба дасти Соми Наримон ва Афросиёби Тӯронӣ ба дасти Кайхусрави Сиёвушон ва дар ин рӯз Кайхусрав бо шукӯҳи тамом ба гаразмон (биҳишт) шуд. Ва дар ин рӯз Манучеҳру Ораши шевотир бахше аз Эронзаминро, ки ба тасарруфи Афросиёб даромада буд, аз ӯ боз ситаданд ва бар пояи диловарии афсонаии Ораш яке аз зеботарин афсонаҳои миллии Эронӣ бостон пардохта шуд. Дигар аз вуҷӯҳи тақдиси ин рӯз он ки дар хурдодрӯзи моҳи фарвардин Зартушт мероҷ кард ва ба ҳампурсигии Урмузд расид. Дар ин рӯз Зартушт фармони паёмбарӣ гирифт ва дар ин рӯз пуштибони оузурги ӯ — Гуштосп ойини ӯро пазируфт.

Ба далоили мазбур, рӯзи шашуми фарвардин барои эрониёни бостон аз арзиши вижае бархурдор аст ва беҳуда нест, ки ин рӯзро пас аз ҷашнҳои панҷаи нахусти фарвардин «Наврӯзӣ бузург» хонанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Абӯрайҳони Берунӣ худ аз рӯзи шашуми фарвардин ба номи «Наврӯзӣ бузург» ёд мекунад. Ин гузориши ӯ ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки менависад:

«ин аъёдро шаш бахш намудаанд: панҷ рӯзи нахустро ба подшоҳон ихтисос доданд ва панҷаи дувумро ба ашроф ва панҷаи севумро ба хадама ва коркунони подшоҳон ва чаҳорумро барои надимон ва дарбориён ва панҷаи панҷумро барои тӯдаи мардум ва панҷаи шашумро барои барзгарон»

. Оё рӯзи аввали панҷаи дувум (Хурдодрӯз), ки рӯзи аввали иди ашроф аст, худ ба худ ончунон арҷманд буда, ки бе дар назар гирифтани арҷи шоҳону ашроф «Наврӯзӣ бузург» хонда шудааст? Хурдодрӯз ба номи як рӯзи вижа арҷу баҳои ҷоуфтодае доштааст ва чун ин бахшбандӣ хамонандии зиёде ба бахшбандии (табақотии) Сосониён дорад, ба осонӣ метавон куҳнагии эътибори хурдодрӯз ва Наврӯзи хурдодӣ ё Наврӯзи бузургро ақаллан то замони Ашкониён ақиб кашид! Абӯрайҳон дар идомаи гузориши худ бархилофи ончи, ки пештар омад, бо ривояти дигаре, ки аз ӯст, андак тафовуте меёбад бад-ин гуна, ки ба ҷои тақсими моҳ ба шаш бахш фақат шаш рӯзи нахусти моҳи фарвардинро дар миёни асҳоби ёдшуда бахш мекунад:

«ойини Сосониён дар айём чунин буд, ки подшоҳ ба рӯзи Наврӯз бори омро шуруъ мекард ва мардум эълом менамуд, ки ҷулус кардааст, то ба эшон некӣ кунад ва рӯзи дувумро барои деҳқонон, ки қадре мақомашон болотар аз туда буд, ҷулус мекард ва хонаводаҳо низ дар ин қисмат дохил буданд ва рӯзи севумро барои сипоҳиён ва бузургони мӯбадон ҷулус мекард ва рӯзи чаҳорумро барои аҳли байт ва наздикон ва хоссони худ ва дар рӯзи панҷум барои хонавода ва хадами худ ва чун рӯзи шашум мешуд, аз қазои ҳуқуқи мардумон фориғу осуда шуда буд ва барои худ Наврӯз мегирифт ва ҷуз аҳли унсу ашхосе, ки сазовори хилватанд, касе дигарро намепазируфт ва дар ин рӯз ончиро, ки дар рӯзҳои гузашта барои шоҳ ҳадя оварда буданд, амр ба эҳзор мекард ва ончи мехост, тафриқ мекард ва мебахшид ва ҳарчи, ки қобили забт дар хазона ва тавдеъ буд, нигах медошт.»

Боре, ки дар панҷ рӯзи нахусти сол ҳақхои ҳашам ва лашкарро мегузорданду ҳоҷати онҳоро раво мекарданд ва чун Наврӯзӣ бузург фаро мерасид, зиндониёнро озоду муҷримонро афв менамуданд ва аз он пас ба айшу нӯш мепардохтанд. Ин тақсимбандӣ ба қавли Ҷоҳиз, дар замони Ҷамшед ва ба қавли Абурайҳон, баъд аз Ҷамшед ва зоҳиран дар замони Сосониён ҳодис шудааст.[5] Мувофиқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ дар аҳди шоҳони Сосонӣ фарвардинмоҳ ба шаш бахш тақсим шуда, чун моҳи Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст: панҷ рӯзи аввалро подшоҳон бо ашрофони худ, панҷ рӯзи дуюмро ба бахшидани ҳадяҳо, панҷ рӯзи сеюмро шоҳ бо хизматгузорони худ, панҷ рӯзи чаҳорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панҷ рӯзи панҷумро бо лашкариёнаш ва панҷ рӯзи боқимондаро бо омма ҷашн мегирифтааст. Дар ин рӯз ғайр аз шахсоне, ки худи подшоҳ мехост, каси дигар ҳуқуқи дар маҷлиси ӯ иштирок намуданро надошт. Дар тамоми рӯзҳои наврӯзӣ навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хизмат буданд, ки ин ҳам як суннати таҷлили Наврӯз дар он давраҳо ба шумор мерафт. Инчунин об пошидан ба ҳамдигар яке аз анъанаҳои иди Наврӯзи даврони гузашта будааст, то кишвар сероб бошаду соли пешомад файзбор. Аввалин шоҳе ки Наврӯзи омма ва хосаро бо ҳам омехта рӯзи мобайни онро рӯзи ҷашн эълон кард, шоҳи Сосонӣ Ҳурмузд - писари Шопур (соли ҳукмрониаш 272-274) будааст. Замони давлатдории хулафои Умавӣ (661-750) бо мақсади дар байни халқ пайдо намудани обрӯ ва афзудани даромади хилофат ба гузаронидани иди Наврӯз иҷозат доданд. Дар замони Аббосиён низ бо мақсади пазириши ҳадоёи мардумӣ, аз Наврӯз истиқбол мегирифтанд. Бо рӯи кор омадани Сомониён ва Оли Бувайҳ, ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештаре баргузор шуд.

Наврӯз дар даврони ҳукумронии араб[вироиш]

Биё, ки иди араб ҷуфт шуд ба иди Аҷам,
Расид лашкари Наврӯз в-азҳо аз пайи ҳам.
Ду рӯзи фаррух тавъам ба якдигар гаштанд,
Чунон ки давлату дин шуд ба якдигар тавъам.
Ливои оли Халилу дирафши Афредун
Фароштанд ба як ҷо бар осмон парчам…
Адибулмамолик Фароҳонӣ (1860-1917)

Дар манобеи таърихӣ аз се гуна Наврӯз низ ёд шудааст, ки ба номҳои «Наврӯзи муътазидӣ», «Наврӯзи азудӣ» ва «Наврӯзи султонӣ» машҳур шудааст. Инак, дар зайл ба ҳар кадом ишорате мешавад. Нахуст «Наврӯзи муътазидӣ» аст, ки ёдгори даврони хилофати Алмӯътазидулбиллоҳ (279-289ҳ.) ва ба «соли 279 ҳиҷрӣ» маъмул шудааст. Тавзеҳ он ки дар аҳди Аббосиён бинобар расми даврони Сосонӣ, молиётҳоро дар аввали сол ҷамъ мекарданд ва корҳоро аз Наврӯз оғоз менамуданд, вале чунонки маълум аст, чун аз аҳди Нӯшеравон ба баъд кабиса анҷом нашуд, солҳо ба гардиш уфтоданд ва Наврӯз аз мақоми аслии худ, яъне аз нуқтаи эътидоли рабеӣ дур шуд ва амри вусули молиёт мухтал гардид. Ба ҳамин сабаб Алмутаваккилуллоҳ фармони кабиса кардани солҳоро дод ва чун ӯ кушта шуд (247ҳ.), чанде баъд Алмӯътазид кори ӯро дунбол кард ва чун кабиса анҷом гирифт, Наврӯзро ба ёздаҳуми ҳазирони румӣ ва аввали хурдодмоҳи пореӣ оварданд ва ин Наврӯз «Наврӯзи мӯътазидӣ» номида шуд. [6]

Дигар «Наврӯзи азудӣ» аст, ки ба Азудуддавлаи Дайламӣ мансуб аст. Азуддавлаи Паноҳхусрав ва ё, ба қавли араб — Фанохусрав, бонии ду чашн аст, ки зоҳиран дар дарбору замони ӯ мутадовил буд: яке дар «сурушрӯз» (рӯзи ҳабдаҳум) аз фарвардинмоҳ ва дигаре дар «ҳурмузрӯз» (рӯзи аввал) аз обонмоҳ.Ҷашни нахустин ба иллати расонидани об ба касабаи Карду Фаннохусрав (имрӯза дар наздикии Шероз) аст. Касабаи мазкурро Азидуддавлаи Дайламӣ эҳдос кардааст. Дувумин ҷашн ба иллати оғоз кардани ободонии ҳамон касабаи Карду Фанохусрав аст дар аввали обонмоҳи 333 яздигурдӣ (ҳудуди 349ҳ.)- Дар оғози ҳар яке аз ин ду ҷашн бозоре ҳафтрӯза ҳамроҳ бо лаҳву шурбу айшу ишрат тартиб меёфт, шабеҳи бозорҳое аз ҳамин ҷабил, ки дар қолиби шаҳрҳои марказии Урупо тартиб медиҳанд.[7]

Се дигар «Наврӯзи султонӣ» аст, ки натиҷаи ислоҳи тақвим ва кабиса кардани солҳост ба таърихи 467ҳ. бавасилаи Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ ва ҳамкорони вай, ки ҳосили он боз овардани Наврӯз ба нуқтаи эътидоли рабеӣ буд ба аҳди султон Маликшоҳи Салҷуқӣ. «Наврӯзи султонӣ» ҳамонест, ки инак, қарнҳост дар Эрон маъмулу мутадовил аст ва бар ҳамон асос ва пояи бунёдини Наврӯз устуворӣ ёфтааст.[8] Дар замони Салчуқиён бошад, бо дастури Ҷалолидин Маликшоҳи Салчуқӣ теъдоде аз ситорашиносон бо сарварии Умари Хайём барои ислоҳоти тақвим гирди ҳам омаданд. Ин гурӯҳ Наврӯзро дар рӯзи якуми баҳор қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Ислоҳоти дар асоси мушоҳидаҳои дақиқи илмӣ ва ҳисобу китоби аниқ гузаронидаи Умари Хайём дар асари ӯ «Зиҷи маликшоҳӣ», ки дар таърих бо номи «Тақвими ҷалолӣ» маъруф аст, бомуваффақият ҷамъбаст карда мешавад. ҳазорсолаҳост, ки қавмияту миллатҳои гуногун дар ҳар куҷо ва дар ҳар ҳоле ки бошанд, Наврӯзро бо ҳама расму русумаш дар хонаву кошонаҳои хеш ҷашн мегиранд. Иди Наврӯз дар замонҳои тозиён, туркон, муғулон ва дигар фармонравоён низ бо шодӣ ва хушӣ баргузор мешуд. Саранҷом гирд омадан сари суфраи наврӯзӣ, ки он ҳафт пояи аслӣ дорад, ки ҳафт син хонда мешавад ва чизҳоеро шомил мешавад, ки нахустин ҳарфи онҳо син аст ва ниёишгузорӣ ва ғазалхонӣ ва таронагӯӣ ва нағмапардозӣ дар лаҳзаи гардиши сол, нафас дар сина ҳабс кардан ва хомуш мондан ва чашм бар обу оина ва шамъи фурузон ва сабза ва гули шукуфон ва шиноварии моҳиён духтан то рӯйдоди бузург ошкор гардад ва замону ҷаҳони бошукӯҳтар ҷои ошубу ғами поринаро бигирад, нуқтаи авҷи ин сурур аст. ғайр аз ин, дар айёми наврӯзӣ баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ба хусус гуштингирӣ аз фараҳангезтарин саргармиҳост.

«Ҳафтсин» хони наврӯзист[вироиш]

«Ҳафтсин» хони наврӯзист, ки дар ҷашни наврӯзӣ бо маводи гуногун, аз ҷумла бо 7 намуд чизе, ки бо ҳарфи форсии «Син» шурӯъ мешаванд, оро ва зеби зиннат дода хоҳанд шуд: синҷид, сабза, самок, сир, суманак, сикка ва сирко. Ба ҷуз маводи мазкур рӯи сурфаи наврӯзӣ зарфи об бо моҳии сурх, оина, шамъдон, хушкбору тарбор, ширинӣ, тухми мурғ ва дигар хӯроку ғизоҳои лазиз гузошта мешуданд. Албатта, дар аҳди қадим гузинаҳои (вариантҳои) дигари ҳафтсин ба мисли «ҳафтшин» ва «ҳафтмим» вуҷуд доштанд. Масалан, гузоштани «ҳафтшин»-ро ниёгони мо чунин тасвир намудаанд:

Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Эрон,
Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,
Шамъу шамшоду шойеъ андар хон.

Шигифтии масъалаи «ҳафтсин» дар он зоҳир мегардад, ки аввалан, хоне, ки дар субҳи Наврӯз ороста мешуд, бояд аз порчаи сафед таҳия мегардид ва он рамзи Сипанормуз (Spenta) – эзиди ҳомию нигаҳбони Замин дар олами муҷаррад (Armaiti) дар боварҳои қадими ориёӣ буд ва рамзи бороварии Заминро ифода мекард ва сониян, ҳамин масъала, дар навбати худ, ба ҳаёти муқимӣ гузаштани ниёгони мо дар аҳди қадимро нишон медод. Барои ҳамин суфраи наврӯзиро танҳо хони идона густурдан намедонанд ва ҳар хӯрокӣ ва ашёе, ки рӯи он гузошта мешуд, рамзу розгуна буд, ки ҳам шамили мазҳари устуравию таърихӣ, ҳам намоёнгари маънавиёту нидои ботини қалби инсон ва ҳам намоишгари афкори ҷаҳоншиносӣ ва хилқати оламро таҷассум мекард. Дар суфраи наврӯзӣ ҳама чиз кинояомезу нишонвора аст ва ҷанбаи тамсилии «ҳафтсин» аз он иборат аст, ки табиатро ҳамчун офаридаи неки Аҳуромаздо ба таҳрику ҷунбиш дармеоварад, набототу гиёҳонро ба рушди боландагӣ вомедорад, эҳёи табиатро фароҳам месозад ва ба афзоиши хайру баракати замин, ки ягона манбаи парваришу самаровари маводи ғизоӣ мебошад, дар соли нави меомада мусоидат мекунад. Ранги сафеди суфраи наврӯзӣ мазҳари таҷаллии Офаридгор ва офариниши олам низ мебошад. Дар маросимҳои расмии наврӯзӣ дар толори оташкадаҳо ва маҳали пазироии шоҳону ҳокимони давр суфраҳои музайяне, ки атрофи онҳо кашидадӯзӣ ва ё қаламкорӣ шудаанд ва дар хонаводаҳо хони хонаводагӣ густарда мешуданд. Дар садри суфра китобмонаки (раҳлии) хотамкоришуда мегузоштанд, ки рӯи он китоби муқаддас гузошта мешуд, моҳӣ гузоштан рӯи хони наврӯзӣ ифодаи он буд, ки вақте Офтоб аз бурҷи ҳут (яъне моҳӣ), ки охирин моҳи соли куҳна буд (дар солшумории кунунии Эрон моҳи исфанд), ба бурҷи ҳамал ворид мешуд, ба охир расидани соли куҳна ва фаро расидани Наврӯзи оламафрӯзро ифода мекард. Ба ибораи дигар, тақвими соли куҳна ва қабули соли нав арзёбӣ мешуд.

Сикка дар хони наврӯзӣ нишони баракату сарвату дорандагӣ ва саховат буд. Саховатмандӣ орзуи деринаи башар аст ва аз ин рӯ, Саъдӣ дар «Гулистон» оварда: «Бузургеро пурсиданд, ки аз шуҷоат ва садоқат кадом беҳтар аст? Гуфт: касеро, ки саховат аст, ниёз ба шуҷоат нест». Яке аз дигар чизҳое, ки дар хони наврӯзӣ мегузоштанд, барсам (Ваrsam/Ваresman) буд, ки навъи гиёҳи махсус мебошад. Дар маҳалҳое, ки ин гиёҳ набошад, шохаи (шохчаи) дарахти анор, зайтун, коҷ, сарв ва дигар дарахтони хушбӯю матбӯъ ба миқдори 3, 7 ё 21 дона суфраи наврӯзиро оро медоданд. Се шоха намудори 3 сутуни ахлоқии «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек», 7 шоха нишонаи 7 фариштаи муқаддаси Аҳуромаздо ва 21 шохаи дарахт мазҳаре аз 21 китоб иборат будани Авестои оини зардуштӣ мебошад. Кӯза (ҷом)-и об дар рӯи хони наврӯзӣ рамзи Аредвисура Анаҳито – фариштаи обҳои равон, борварӣ ва мазҳари зебоӣ буд. Нон дар суфраи наврӯзӣ нишони баракат маҳсуб мешуд. Дар аҳди бостон нони гирдаи махсус аз орди ҳафт навъи ҳубубот мепухтанд, ки онро «drun» меномиданд. Дар баъзе ноҳияҳо ширу паниру хурмо низ дар сари суфраи наврӯзӣ гузошта мешуд. Дар гузаштаҳои дур ширро бо асораи гиёҳи ҳаома (растании сукровар ва мадҳушкунанда, эфедра) меомехтанд. Гузоштани хушкбору тарбор, нуқлу набот, гул ва афрӯхтани шамъ низ дар хони наврӯзӣ маъмул буд. Ҳазориспанд аз ҷумлаи гиёҳони муқаддас аст ва сӯзондани он муҷиби эҷоди дуде хоҳад шуд, ки ҳамаи бадиҳо, бемориҳо, шарарҳо, чашмони бад ва девони аҳриманиро дур мекард.

Синҷид бо бӯи хушу буму барги шукуфааш нишони дилдодагӣ ва барангезандаи эҳсоси табиии инсон, муҳаррики ишқу нишот ва ҷашну таваллуд аст. Алии Додхоҳ роҷеъ ба синҷид ҳамчун аввалин «син»-и хони наврӯзӣ тадқиқоте анҷом дода, аз ҷумла қайд кардааст, ки дар тибби суннатӣ ва феҳрасти меваҷоти доруӣ синҷидро доруи дармонӣ ва нерудиҳандаи димоғ (ақл) ва қалб медонад. Аз диди фалсафӣ чун аввалин офариниши Худованд ақл аст, метавон чунин хулосаи мантиқӣ баровард, ки рози ниҳодани синҷид дар сари суфраи наврӯзӣ намоде аз ақлу хирад аст. Бо ҳамин сабаб ҳар коре, ки дар оғози соли нав иқдом ба анҷом дода шавад, ин нишони ақлгароӣ ва таблиғи хирадмандии инсон аст, ки қувваҳои зоҳирии инсон ба дарки он кумак хоҳад кард.

Дуюмин «син»-и ҳафтсини сари суфра себ аст. Он намоди саломатист ва аз ин рӯ, дар урфият мегӯянд, ки ҳар кас рӯзона як себ бихӯрад, ӯро ба табиб ниёзе нахоҳад буд. Себ хӯроки Одаму Ҳавво қабл аз гандум хӯрдани онҳо ва ронда шуданашон аз биҳишт будааст. Саломатӣ бо дӯст хуш аст ва бинобар он ними рухи себро ба рухи ёр ва ними дигарашро ба рухи дӯст ташбеҳ кардаанд.

Сеюмин «син»-и хони наврӯзӣ сабзаи сабзонидашуда ба таври маснӯӣ мебошад. Он нишони табиати сабзпӯши баҳорӣ, хушахлоқию хуррамӣ ва шодобист. Сабза рамзи зиндагӣ, рушду нумӯӣ ва хурамии инсон дар соли навро ифода мекунад. Инсон пайваста бояд бархӯрди хуш дар муоширату мулоқот дошта бошад. Чун сабза намоди табиат аст, инсон бояд мисли сабза маҳинрафтор, дар амалиёти созандагӣ пурҷӯшу хурӯш, пешрав бошад ва неруи худро дар таодул нигоҳ дорад. Ранги сабзи сабза фикри инсонро дар ҳолати назму тартиб нигоҳ медорад, асаби ӯро ором мекунад, ақидаи ӯро густурда месозад, то инсон дар бораи мавлои ҳастии шахсӣ ва зеҳни хеш фикр карда тавонад.

Пас аз сабза чаҳорумин «ҳафтсин» суманак мебошад, ки номи он дар маҳалҳои гуногун ба таври мухталиф – суманак, суман, симан, суману, сумбулак ва ғайра омадааст. Он як навъ ғизои маъруфи гиёҳии наврӯзист, ки аз оби ҷавонаи гандуми сабзонидашуда ва сабзаи он таҳия карда мешавад. Суманакро ғизои «мардофарин» низ медонанд, он нишону намоди тамаддуни зироаткорӣ, рамзи зиндагии муқиминишинӣ, ба даст овардани маҳсулоти хӯшаӣ ва аломати қудрату нерумандист. Ҳамон тавре ки шир ашрафи лабаниёт (мойеот), биринҷ - ашрафи донаҳо шинохта шуда, ширбиринҷ хӯроки малакутӣ ба шумор меравад, гандум ашрафи зироатҳои хӯшадор (ғалладона) маҳсуб мешавад. Хӯрдани суманак шахсро нерую тавоноӣ мебахшад ва аз лиҳози тиббӣ низ аз чанд ҷиҳат муфиду судманд мебошад. Имрӯз муайян карда шудааст, ки дар таркиби суманак витаминҳои Е (ба унвони антиоксидони қавӣ ва беасаркунандаи радикалҳои озод дар бадан) ва навъҳои гуногуни витамини В дорад, ки масрафи он зимни бо каллория таъмин намудан, барои ҳифзи ҷавонӣ ва саломатӣ низ тавсия мешавад. Он ҳамчунин барои таскини асабҳо, тақвияти неруи биноӣ ва пешгирӣ аз хасташавӣ мусоидат мекунад. Суманак намоду нишони ҳаёт ва маданияти соҳилнишинист. Ҳамаи хӯрокиҳои биҳиштӣ, ки барои Наврӯз таҳия мекунанд, маъмулан аз гандум ё ҷав омода мешаванд. Суманак боризтарин намунаи онҳо мебошад. Дар саросари ҷаҳони фарҳанги ориёӣ, ки имрӯз дар сарзамини халқҳои эронитабор зиндагӣ мекунанд ва бархе аз онҳо дар кишварҳои мухталиф паҳну парешон шудаанд, суманак тайёр мекунанд ва онро ба навъи хӯрокҳои муқаддас ва судбахш дохил намудаанд. Фариштаи нигаҳбони занҳо расми пухтани онро ба унвони баракати наврӯзӣ ба онҳо омӯхтааст. Дар рӯи деги суманак ҳамеша нишони дасти Хоҷаи Хизр хоҳад буд, ки он муқаддас ва табаррукии онро таъйид хоҳад кард. Ҳар кадбону вазифаи худ медонист, ки бо наздик шудани ҷашни Наврӯз бо нияти пухтану сари суфраи наврӯзӣ гузоштани «суманак» гандумро сабзонад. Ин суннати дерини ниёгонамон, ки рамзи файзу баракати баҳор ва серҳосилӣ ба кори деҳқонон низ ба шумор меравад, то ба рӯзгори мо омада расидааст. Худи маросими пухтани суманак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як ҷамъомади идона табдил ёфтааст. Занҳои рӯзгордидаи ҳар гузару деҳ дар пухтани суманак ҷавонзанону духтаронро сарварӣ намуда, онҳоро дар маҳали муайяни таҳияи суманак ҷамъ меоранд ва ба маросими суманакпазӣ бо шеъру сурудхонӣ ва рақси духтарону ҷавонзанон шурӯъ мекунанд ва тамоми маросими таҳияи суманак, ки шабҳои дароз давом меёбад, шеъру рақсу суруду хушҳолию таронахонӣ идома пайдо мекунад ва садои форами мусиқӣ бо таронахонии занҳо дар атрофу акноф танинандоз мегардад. Сурудҳои халқию фолклорӣ низ садо медиҳад:

Суманак назри баҳор аст,
Ҷашни ҳар шабзиндадор аст…

Навъҳои гуногуни шеъру таронахонӣ дар маҳалҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки онро духтарону ҷавонзанон зимни кофтани деги суманак мехонанд ва орзуҳои доштаи худро барои ба амал бароварданашон аз дил мегузаронанд. Ин суруду таронаҳою суманакхониро фолклоршиносону олимони мо ҷамъоварӣ намуда, дар хазинаи тиллоии эҷодиёти даҳонакии халқ ворид намудаанд.

Пиёзи сирро табибон пойдоркунандаи қувваи ҳофиза ва тақвияткунандаи узвҳои қалб арзёбӣ намудаанд. Он ҳамчун намоди рӯишу дармонбахшӣ, доруи саломатӣ ва аз байн бурдани дардҳост. Сирпиёзро тамоми тамаддунҳо ҳайратангезтарин дору барои дардҳо мешиносанд, ки тайи ҳазорҳо сол мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин панҷумин «син» аст, ки дар суфраи наврӯзӣ мегузоранд ва мақсад аз он пешгирӣ аз ҳама гуна бемориҳо дар давоми соли нав мебошад. Аз ҳамин сабаб дар тибби халқӣ сирпиёзро дуркунандаи арвоҳи хабиса ва шаётин меноманд.

Сирка (сирко, шашумин «син»-и ҳафтсини соли суфраи наврӯзист ва он намоди ризову тасаллӣ аст. Барои ҳазм намудани таом аз сиркоҳои гуногун, ки аз шарбати ангур, себ ва ғайра таҳия карда мешавад, истифода мебаранд. Таъсири эъҷозоваре барои поин овардани унсуровари равғани ҷазбшуда дар баданро дорад ва шомими хусусияти зиддисаратонӣ дорад. Онро ҳамчунин барои таҳияи навъҳои гуногуни туршиҳо ва хӯришҳои гуногун истифода мебаранд.

Охирин «син» - и «ҳафтсин» - и наврӯзӣ симок аст. Он намоди сабру бурдборӣ ва таҳаммул аст. Симок дар хони идона ишора ба даъвати инсон ба пойдориву муқовимат барои ноил шудан ба мақсаду ҳадафҳои неку поки худ дар соли нав мебошад. Он барои ба амал баровардани орзуҳои инсон, сабру тоқат, муборизаҳои пайваста ва талошҳои бамавридро тақозо дорад, то инсон аз зинаҳои нардбони орзуҳои хеш гузашта ба мақсади худ бирасад. Дар тибби суннатӣ он барои касалиҳои пилки чашм, барқарор намудани ҳарорати муътадили он ва тақвияти қувваи биноӣ истифода бурда мешавад.

Чуноне ки мулоҳиза мешавад, «ҳафтсин» - и хони наврӯзӣ дар оғози соли нав барои тарбияи нафси инсон, таҳзиби ахлоқи ӯ ва иртиқои рӯҳи инсон равона шудааст. Маънои асроромезу пурбори «ҳафтсин» ҳаёти имрӯзаи моро бо гузаштаи дури ниёгонамон пайванд месозад ва фарҳанги қавму миллати моро бо унсурҳои тоза ғанӣ мегардонад. Собиқаи «ҳафтсин» бисёр қадим аст ва то ба замони Ҷамшед мерасад. Абурайҳонӣ Берунӣ иттилоъ дода, ки собиқаи ҳафтсин ба рӯзгори ниёпарастӣ мерасида ва дар он давру замон «ҳафтшин» дар сари дастархони наврӯзӣ маъмул будааст. Рӯзгоре низ буда, ки «ҳафтмим» (мева, моҳӣ, мурғ, мураббо, мускатӣ ва мичу) – ро дар суфраи наврӯзӣ мегузоштанд, маълумоти ёдшуда аз густардагӣ, гуногунӣ ва рангорангии суфраи наврӯзӣ дар давру замонҳои дури аҷдодамон дарак медиҳанд.[9]

Маросимҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон[вироиш]

Наврӯз маросимҳои зиёде дорад, ки ба ҷо овардани онҳо дар ин давраи таҷлили ҷашн ҳатмӣ шуморида мешавад. Пеш аз ҳама то оғози Наврӯз дар ташту лаълиҳо тухми гандум гузошта мешавад, ки то фаро расидани ид неш зада, мисли сабза медамад ва баъди ба қадри панҷ-шаш ангушт қад кашидани он ба атрофи он пораи матои сурх – алвон баста шуда, ба дастархон гузошта мешавад. Инчунин аз ҳамин гандуми нешзада суманак тайёр карда мешавад. Ба ғайр аз ин дар маросими ҷашнӣ оро додани дастархони “ҳафтсин” низ маъмулу ҳатмӣ мебошад, ки аз ҳафт адад анвое, ки бо ҳарфи син (с) оғоз меёбад, иборат аст: себ, сабза, сирко, санҷид, сикка сир, суманак, ,. Ин ҷо қобили тазаккур аст, ки ҳар як ашёи рамзи махсусеро ифода менамояд, себ – аломати зебоӣ, сабза, яъне донаҳои сабзидаи тухми гандум – рамзи зиндагӣ, эҳёи ҳаёт, сирко – дарозумрӣ ва сабру тоқат, санҷид – меҳру муҳаббати поку беолоиш, сикка – сарвату дороӣ, шукуфоӣ, сир – тандурустӣ ва дур гаштан аз бадбахтию нокомӣ ва суманак – рамзи фаровонию осудагӣ. Ба ақидаи дигар, дар баробари дастархони “ҳафтсин” омода намудани дастархони “ҳафтшин” низ роиҷ аст, ки дар он ҳафт маводе, ки аз ҳарфи шин (ш) шурӯъ мешаванд, гузошта мешаванд: шакар, шарбат, ширинӣ шамъ, шона, шир, шароб. Дар ин зимн бояд ёдовар шуд, ки суманак як ҷузъи асосӣ ва ҳатмии дастархони наврӯзӣ мебошад. ки бидуни он густурдани суфраи идона ғайри қобили қабул шуморида мешавад. Тайёр кардану анҷом додан ва пухтани суманак худ як раванди муайянеро молие аст. Қабл аз ҳама донаҳои гандум ба зарфи ҳамвори фулузӣ гузошта шуда, ба рӯи он об мепошанд ва болои он бо матои сафед – дока пӯшонида мешавад, ин се рӯз идома меёбад. Баъд ниҳолҳои сабзидаро бо корд хеле хурд реза мекунанд. Сипас оби онро полуда, бо орд ва об омезиш дода, ба қадри даркорӣ равған илова менамоянд ва ба дег андохта бо кафлес банавбат ковиш медиҳанд. Ин анъана сирф аз ҷониби занҳо анҷом дода мешавад ва дар арафаи иди наврӯз сурат мегирад. Занҳо ҳангоми ковидани суманак суруд мехонанд, ки нақароташ ин аст:

Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,
Дигарон дар хоб, мо кафча занем.

Ҳамин тариқ, баъзан вақт то субҳи содиқ маросими суманакпазӣ идома меёбад ва ин одати ориёӣ асрҳои аср идома ёфта, то замони мо расидааст. Маросими дигаре, ки дар иди Наврӯз ба ҷо оварда мешавад, “хонатаконӣ” ном дорад ва яке аз ҷузъҳои муҳиму ҳатмии ин ҷашни фархунда арзёбӣ мегардад. Ин одат чунин аст, ки дар арафаи ид тамоми ҷиҳохи хона шуставу пок карда карда шуда, ашёи кӯҳнаю фарсуда аз хона берун карда мешавад, дару девори хонаҳо тармиму рангубор карда шуда, ба қадри имкон асбоби рӯзгор бо намунаҳои нав иваз карда мешаванд, дар хона гулу хушбӯиҳо гузошта мешаванд, пардаи тирезаҳо ва тамоми ашёи матоъгин шустаю дарзмол ва ба тартиб дароварда мешаванд. Ҳар касе ба андозаи имконоти худ меваю сабзавот, қанду қурсу ширинӣ, мағзу мавиз, шарбату хуришҳои гуногун харидорӣ менамояд ва дар ҳар хонадон дастархони идона ороста мешавад.

Гулгардонӣ[вироиш]

Навруз-2013 Либоси идии кӯдакон

Аз омадани Наврӯз кабл аз хама кӯдакон бо баргузории маросими гулгардонӣ ба дигарон пайғом мерасонанд. Ин маросим як ҳафта қабл аз Наврӯз, яъне дар авоили даҳаи дуввуми мохи морс аз сӯи гурӯҳе аз кӯдакон, ки дар даст гулҳои сияхгуш, бойчечак ё наврӯзӣ доранд, иҷро мешавад. Ин кӯдакон ба ҳар манзили маскуни наздик шуда ва бо кироъати шеърҳое фарорасии фасли баҳорро ба соҳибони он хонадон шодбош мегуянд. Соҳибхонаҳо гулро ба чашму абрӯвон молида, ба гулгардонҳо қадри ҳиммат чизе ҳадя мекунанд. Гулгардонӣ дар ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон бо номи Бойчечак (Бойкандак) машҳур аст. Сурудҳои «Гули сияҳгӯш», «Баҳор омад», «Баҳори лолазор омад» ва ғ. баҳори хуррам, бедории табиат, равнақи кори деҳқон, шодмонӣ ва умеду орзуи мардумро акс мекунанд. Сурудҳо бо оҳанги фораму дилкаши халқӣ сароида мешаванд. Сарбайтхон дар даст гулдаста пеш-пеши гулгардонҳо сарбайт мехонад ва дигарон мисраи гардонро такрор мекунанд.

Сарбайтхон:
Гули сияҳгӯши қошгардон,
Табақ пур куну пас гардон,
Бите ба дасти гулгардон,
Ҳама:
Баҳори, нав муборак бод!
Ё худ сарбайтхон:
Бойчечаку бойчечак,
Гули хушрӯи химчак.
Ҳама:
Бойчечак, бойчечак.
Сарбайтхон:
Бӯи баҳор бойчечак,
Муждаи кор бойчечак.
Ҳама:
Бойчечак, бойчечак.

Ривоят[вироиш]

Наврӯз яке аз қадимтарини идҳои ориёист. Ривоят аст, ки ин ҷашнро Ҷамшед асос гузоштааст. Ин ҷашн дар мохи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Дар ин рӯз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу рӯз баробар мешаванд. Рӯзи якуми Фарвардинро рузи якуми баҳор - саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонистанд. Аз ин лиҳоз, Наврӯз иди даромадани баҳор, саршавии киштукор мебошад. Тоҷикон дар ин рӯз хонаи худро сафед мекунанд, ҳамаи касифиҳои соли гузаштаро берун мекунанд. Сарулибоси нав мепушанд ва орзуи то соли оянда беҳбудиҳои зиндагиро менамоянд.

Дар қадим олимон аз донаҳои зироат сабзахо тайёр ва ба воситаи онхо ҳосилнокии зироатхри соли навро пешгуи мекарданд. Дастархони наврӯзй ғанитарин дастархони идҳо буд. Дар он гул, ширини, шарбат, май, нон, меваҷот мугузоранд. Рақами 7 дар урфияти гузаштагон бузург буд ва ба ин хотир дастархони 7 син меоростанд, аз қабили себ, санҷид, сирко, сим, сабза, сабзй, ки ишора ба хафт амшосипандон - фариштагони бузург аст. Панҷ рӯзи аввали Наврӯз ба арводи фраврҳо бахшида мешавад. Дар ин рузхо қабристонҳо пок мекарданд, дар онҳо қурбонихо менамуданд. Ривоят аст, ки дар ин рӯзхо арвоҳи гузаштагон аз осмон ба замин меоянд, аз кору бори авлоди худ огоҳ мишаванд ва барои он, ки онҳоро фаромуш-накарданд, изҳори қаноат менамоянд ва ба авлоди худ кумак мекунанд. Панҷ рӯзи дуюмро мардуми шаҳру деҳот бо тую тамошо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишй мебахшиданд. Панҷ рӯзи сеюмро мардум дар дарбори шоҳҳо бо тантана ҷашн мекарданд ва боқимонда 15 рӯзи дигарро дар саҳро ба сайри наврӯзй мебахшиданд.

Баргузории иди Наврӯз[вироиш]

Наврӯз - 2013 дар ДМТ Душанбе

19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмиллалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ ҷашн гирифта мешавад. 21 март-24 март - дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.[3]

Ашъор дар васфи Наврӯз[вироиш]

Дар васфи Наврӯз шоирони форсу тоҷик шеърҳои зиёд эҷод кардаанд:

« Ҳамасола бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
»


« Наврӯз, эй паёми пагоҳии рӯшанӣ,
Дарвозаҳои баста ба рӯят кушодаем.
Дар хонаи такидаи худ аз ғами ҷаҳон
Пеши ту боз суфраи рӯзӣ ниҳодаем.
Наврӯз, эй навиди кулангии навбаҳор,
Эй муждаи шукӯҳи фурӯзони лолайӣ!
Фархундапай биё, ки ба роҳат задем об,
Нӯшем май барои ту як-ду пиёлайӣ.
Наврӯз, эй ҳамешабаҳор, эй ҳамеша сабз,
Эй такдарахти рустаи тагрешаи Аҷам!
Сабзидаӣ ба шохи тари худ фаротарин
Гул-гул пур аз шукуфа аз андешаи Аҷам.
Аз орзуи бахт ҳазорон ҳазор сол
Меҷӯшад ормони ту дар хуни тоҷикон.
Наврӯз – зодномаи фарҳанги Бохтар,
Наврӯз – зодрӯзи ҳумоюни тоҷикон!
»

[10]

« Шунидам яке қисса аз бостон,
Ки гуфтанд он мардуми ростон.
Чу Ҷамшед дар тахти шоҳӣ нишаст,
Худогоҳ буд ӯву яздонпараст.
Ба доду диҳиш рӯй бинҳод вай,
Ҷаҳоне бино кард аз дод вай.
Ҷаҳон огаҳӣ ёфт аз адлу дод,
Замона беҳӣ ёфт аз адлу дод.
На маргу на бемориву зулму ҷабр,
На кас бар касе буд зӯру ситабр.
Баробар ҳама гашта бо ҳамдигар,
Бародар ҳама гашта бо ҳамдигар.
Ба адлу сахо кишвар обод кард,
Дили мардуми мамлакат шод кард.
Ба лутфу карам рӯи дунё гирифт,
Зи бурҷи Самак то Сурайё гирифт.
Агар худшиносӣ, шиносӣ Худо,
Вагарна ту мебошӣ аз Ҳақ ҷудо.
Чу пардохт аз кирду кори ҷаҳон,
Фаро хонд аз рӯи олам меҳон.
Ҳама мӯбадон машварат сохтанд,
Яке тарҳи ҷашни пав андохтанд.
Чу Наврӯз оғози соли нав аст,
Шурӯи ҳама кору ҳоли нав аст.
Аз ин рӯ варо Соли Нав хонданд,
Гаҳи кишти гандуму ҷав хонданд.
Шабу рӯз ин дам баробар шавад,
Ба чархиш фалак низ дигар шавад.
Зи бас хубу зебост Наврӯзи мо,
Кунун ҷашни дунёст Наврӯзи мо.
Фарангию румию турку араб,
Нигар ҷашни мо рӯи дунё гирифт,
Ба ҷону дили халқ маъво гирифт.
Яке “Ҷашни Ҷамшед” номаш барад,
Дигар “Иди Наврӯз” ном оварад.
Ҳар он чист бошад, ки аз они мост,
Ки ҷо карда дар ҳар раги ҷони мост.
Аз он аҳд бигзашт ҳафтод аср,
Басе гашт бунёду фарсуд қаср.
Басе мулки обод вайрона шуд,
Басе қиссаҳо буд, к-афсона шуд.
Вале номи Наврӯз поянда монд,
Барои азизони оянда монд.
»

Манобеъ[вироиш]

  1. Тасдиқи Ангораи ҷашни Наврӯзӣ. Сайти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Сайри ҷаҳонии Наврӯз.//Ба қуллаҳои дониш.Нашрияи ДМТ. - 2013, № 6 (1333), 15 марти 2013
  3. 3.0 3.1 Қонунҳо ва қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  4. «Наврӯзи омма»
  5. «Наврӯзи хурдод» ё «Наврӯзи бузург»
  6. «Наврӯзи муътазидӣ»
  7. «Наврӯзи азудӣ»
  8. «Наврӯзи султонӣ»
  9. «Ҳафтсин» хони наврӯзист
  10. Раҳмат Назрӣ, НАВРӮЗ

Инҷоро ҳам нигаред[вироиш]