Семён Гурев
Таърихи таваллуд | 21 сентябр 1766 ё 1766[1] |
---|---|
Таърихи даргузашт | 23 декабр 1813 ё 1813[1] |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ҳандаса, таҳлили риёзӣ[d], механика ва риёзиёт[1] |
Алма-матер |
Гурев Семён Емелянович (русӣ: Семён Емелья́нович Гу́рьев) — риёзидон ва механики рус, академики ординарии АИ Петербург (1798), узви АИ Русия (1800).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Корпуси артиллерӣ ва инженерии Санкт-Петербург (1778-84). Илми ҳидравликаро дар Англия омӯхтааст (1792). Дар муассисаҳои олии таълимии Санкт-Петербург омӯзгори фанҳои математика, артиллерия ва навигатсия буд. Аз 1798 профессор математика дар Омӯзишгоҳи меъмории киштисозӣ. Таҳқиқоти ӯ ба геометрияи таҳлилӣ ва дифференсиалӣ, таҳлили математикӣ ва механика бахшида шудаанд. Бори нахуст исботи муодилаҳои асосиро дар хатҳои каҷи ҳамвор дар координатаҳои қутбӣ анҷом додааст. Дар ин соҳа китобҳои бисёри таълимӣ таълиф карда, ба масъалаҳои таълими илми математика диққати ҷиддӣ додааст. Дар асарҳои илмиаш Семён Гурев дар таҳлили математикӣ ва геометрия татбиқ намудани назарияи ҳудудҳоро тарғиб намудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гурев Семён Емелянович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 21 сентябр
- Зодагони соли 1766
- Даргузаштагони 23 декабр
- Даргузаштагони соли 1813
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо
- Риёзидонони Русия
- Механикон аз рӯи алифбо
- Механикони Русия