Сергей Василевич Герасимов
Таърихи таваллуд | 26 август 1885[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 20 апрел 1964[2][3][4][…] (78 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | такчеҳра |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Серге́й Васи́левич Гера́симов (14 (26) сентябр 1885, Можайск, губернияи Маскав, Русияи подшоҳӣ — 20 апрели 1964, Маскав, ИҶШС) — рассоми рус, Рассоми халқии ИҶШС (1958), доктори илмҳои санъатшиносӣ, узви ҳақиқии АР ИҶШС (1947).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи марказии рассомӣ — саноатии Строганов (1907) ва Омӯзишгоҳи рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории Маскав (1912). Сергей Герасимов дар оғози кор рангҳои обиро бештар истифода мебурд, рангҳои мутафовити латиф низ хосси тасвирҳои ӯ буданд. Дар манзараҳои кашидааш меҳру муҳаббати самимии ӯ ба табиати кишвараш зоҳир мешавад («Сармо гузашт», 1945; «Саҳаргоҳи баҳорӣ», 1953; «Манзараҳои Можайск», 1950 ва ғайра). Дар радифи манзараҳо Сергей Герасимов портретҳо, тасвирҳое аз рӯзгори мардум, зиндагии мардуми рустову музофоту шаҳрҳо мекашид, ки бештар ба ҳаёти кишоварзон бахшида шудаанд. («Ҷанговар», 1926; «Дар Волохов. Моҳигирон», 1928-30; «Посбони колхоз», 1933; «Ҷашни колхозӣ», 1937 ва ғайра). Тасвири «Модари партизан» (1943-50) дар боби муборизаи мардуми шӯравӣ алайҳи ишғолгарони фашистӣ ҳикоят мекунад. Дар миёни корҳои графикии ӯ мусаввараи ба достони «Киро дар Русия зиндагӣ хуш аст»-и Н. А. Некрасов (1933-36), романи «Кори Артамоновҳо»-и М. Горкий (1939-54) кашидааш маъруфият доранд. Дар чандин мактаби ҳунарии Маскав (1912-64) омӯзгорӣ низ кардааст. Солҳои 1958-64 котиби аввали раёсати Иттиҳоди рассомони ИҶШС буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1966, пас аз маргаш).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Об искусстве; Сб. статей. М., 1973.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Архив изобразительного искусства — 2003.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Герасимов Сергей Васильевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Sergei Vasileevich Gerasimov (нидерл.)
- ↑ Архив изобразительного искусства — 2003.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грасимов С. В. К. 100 летию дня рождения (каталог). Л., 1986;
- Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Герасимов Сергей Василевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.