Сиддиқии Балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сиддиқии Балхӣ

Сиддиқии Балхӣ (форсӣ: صدیقی بلخی[1]), маъруф ба Хоҷа Мирак (форсӣ: خواجه میرک‎; ? — қарни XVI) — шоир ва донишманди форс-тоҷик, шайхулисломи Балх.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Писари шайхулисломи Балх Хоҷа Ҳошимии Сиддиқӣ. Дар зодгоҳаш касби камол кардааст. Пас аз марги падар шайхулисломи Балх шуд ва дар 40-солагӣ вафот кард. Сидиқӣ шоири тавоно ва пурмаҳсул буда, ба қавли тазкиранависон, дар сурудани анвоъи гуногуни шеър, махсусан ғазалу қасида маҳорат доштааст. Сиддиқӣ ба қасидаи «Дарёи аброр»-и Хусрави Деҳлавӣ назираи хубе гуфтааст.

  1. صدیقی بلخی(форсӣ). vista.ir. 30 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]