Jump to content

Силемоншо Ғуломшоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Силемоншо Ғуломшоев
Силемоншо Акимшоевич Ғуломшоев
Таърихи таваллуд 14 январ 1969(1969-01-14) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Роштқалъа
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Китобхонаи ба номи А. Лоҳутӣ, Агентии миллии СБРСК- Хонаи китоби Тоҷикистон, Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии санъат ба номи М. Турсунзода
Ҷоизаҳо Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2015)

Силемоншо Акимшоевич Ғуломшоев (тав. 14.01.1969, д. Занинси н. Роштқалъа) — китобшинос ва муаррих, номзади илмҳои таърих (2007). Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2015)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Силемоншо Ғуломшоев соли 1998 факултети китобдории Донишкадаи давлатии санъат ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Соли 1995-1998 китобшиноси китобхонаи ба номи А. Лоҳутӣ, мудири шуъбаи илмӣметодии китобхонаи бачагона, китобшиноси пешбари шуъбаи библиографияи Палатаи давлатии китоб, 1998- 2005 мудири шуъбаи библиографияи Агентии миллии СБРСК- Хонаи китоби Тоҷикистон, ҳамзамон аз соли 2000 мудири китобхонаи А. А. Семенови Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз соли 2003 ба сифати омӯзгор ва соли 2012 то соли 2020 ба сифати мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова фаъолият дошт ва аз соли 2021 ба сифати дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият менамояд. Оид ба масъалаи таърихи китоб ва китобдории Бадахшон кори илмӣ- тадқиқоти илмӣ анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва илмӣ - оммавӣ мебошад.

  • Махзани маърифат. Д., 2006;
  • Таърихи фаъолияти китобдорӣ дар Помир. Д., 2007.
  • История библиотечного дела на Памире (Таърихи китобдорӣ дар Помир). Д., 2009;
  • Таърихи халқи тоҷик: курси лексия барои донишҷӯёни ғайриихтисоси таърих. (ҳаммуалиф). Д., 2014;
  • Таърихи халқи тоҷик барои донишҷӯёни коллеҷ. Д., 2011;
  • Ҳайдаршо Пирумшоев. Китобномаи шарҳиҳолӣ. Д., 2015;
  • Гулаҳмад Раҳмихудоев. Китобномаи шарҳиҳолӣ. Д., 2015;
  • Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1986 - 1990 (Нишондиҳандаи библиографӣ). Д., 2005.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ