Синон Албайрақ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Синон Албайрақ
тур. Sinan Albayrak
Ном ба ҳангоми таваллуд: Sinan Taymin Albayrak
Таърихи таваллуд: 27 феврал 1973(1973-02-27) (51 сол)
Зодгоҳ: Ҳанау, Драмштардт, Ҳессен, Олмон
Шаҳрвандӣ:  Туркия
 Олмон
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1993-то ҳол
Самт: театр
телевизион
синамо
IMDb: ID 1758573

Синон Таймин Албайрақ (тур. Sinan Taymin Albayrak); тав. 27 феврали 1973, Ҳанау, Драмштардт, Олмон) — ҳунарпешаи театр, телевизион ва синамои турк.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Синон Албайрақ 27 феврали соли 1973 дар Ҳанауи замини Ҳессени Олмон таваллуд шудааст. Ӯ бародари рӯзноманигор ва нависанда Ҳоқон Албайрақ мебошад. Падараш-Зиё Албайрақ, ҳамчун коргари меҳнатӣ ба Олмон дар ибтидои солҳои 1960 рафтааст, ва модар-Гулбаёз Албайрақ.

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Бори аввал дар экран ӯ соли 1996 дар силсилафилми "Sasifelek Cikmazi" зоҳир шудааст. Ӯ инчунин дар лоиҳаҳои "Kara melek", "Herşey Çok Güzel Olacak", "Yılan Hikayesi", "Unutma Beni ", "Водии гӯргон", "Beyaz Gelincik" нақш офаридааст. Соли 2005 Синон нақши Ториқро дар силсилафилми "Parmaklıklar Ardında" бозидааст. Соли 2010 ӯ нақши асосиро дар силсилафилми "Esrefpaşalılar" бозидааст.

Соли 2014 Синон Албайрақ нақши Маҳмад Амирро дар силсилафилми драмавии "O Hayat Benim". Соли 2016 ӯ нақши Баёзид Бестамиро дар лоиҳаи таърихии "Somuncu Baba: Askin Sirri". Соли 2017 нақши асосиро силсилафилми мазҳакавии "Yalaza" бо синамогарон Маҳмад Баҳодур Давронӣ ва Усмон Синав бозидааст. Соли 2020 ӯ ҳамроҳ бо Маҳмад Озан Долунай, Элчин Сангу, Ёсамин Аллен, Дарё Алабора ва дигарон дар драмаи "Дар шодӣ ва дар ғам" нақш офаридааст.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сион Албайрақ се маротиба издивоҷ кардааст. Соли 2010 вай бо ҳунарпешаи турк Башак Дашман издивоҷ кард. Соли 2011, ҳамсарон аз ҳам ҷудо шуданд. Соли 2012, Синон Албайрақ бо Фунда Зайнаб Экинҷоғлу издивоҷ кард. Соли 2015, издивоҷ барҳам хурд.

Ҳоло бо ҳамсари севумаш Савдо дар Истанбул зиндагӣ мекунад.

Театр[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Dönme Dolap (2019)
  • Nerede Kalmıştık - Amphitryon (2003)
  • Rumuz Goncagül (2000)
  • Ivan Ivanovich Var Mıydı Yok Muydu (1999)
  • Bir Cinayetin Söylencesi (1990)

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Филм[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Yunus Emre-Aşkın Sesi (2014)...Султон Валад
  • Sultan'ın Sırrı (2011)
  • Esrefpaşalılar (2010)....Имом
  • Kiralık Oda (2008)
  • Kilit (2008)
  • Bayrampaşa: Ben Fazla Kalmayacağım (2007)...Афсари полис
  • Sis ve Gece (2007).... Мустафо
  • Çinliler Geliyor (2006).... Юпӣ
  • Döngel Kârhanesi (2005).... Роҳзани рус
  • Herşey Çok Güzel Olacak (1998)...Толга Байкал

Силсилафилм[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Дари хонаамро бикӯб (2021)... Камол Озҷон
  • İyi Günde Kötü Günde (2020)...Булент (ТВ)
  • Kalk Gidelim (2019)...Алӣ Дамир (ТВ)
  • Kurtlar Vadisi Pusu (2015)...Содиқ (ТВ)
  • O Hayat Benim (2014)...Маҳмад Амир (TВ)
  • Leyla ile Mecnun (2013)...Том Вейтс (иҷрои меҳмонӣ) (TВ)
  • Tozlu Yollar (2013)...Тайфун (TВ)
  • Sen De Gitme (2012)...Маҳмад (TВ)
  • Parmaklıklar Ardında (2007)...Ториқ (TВ)
  • Yersiz Yurtsuz' (2007)...Ишак (TВ)
  • Beyaz Gelincik (2006)...Мелиҳ (TВ)
  • Kadın Severse (2006) TВ
  • Sessiz Gece (2005)...Серкан (TВ)
  • Omuz Omuza (2004)...Ҷем (TВ)
  • Kurtlar Vadisi (2005)... Содиқ (TВ)
  • Unutma Beni (2002)...Гёкҳан (TВ)
  • Nasıl Evde Kaldım (2001) (TВ)
  • Karanlıkta Koşanlar (2001) (TВ)
  • Şaşıfelek Çıkmazı (2000)...Рафид (TВ)
  • Yılan Hikayesi (1999)...Давид (TВ)
  • Kara Melek (1996)...Ҷамераман Митҳат (TВ)
  • Ferhunde Hanımlar (1993) TВ
  • Geçmişin İzleri (1993) TВ

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]