Jump to content

Сироҷиддин Пардаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сироҷиддин Пардаев
Сироҷиддин Пардаев
Таърихи таваллуд 18 март 1962(1962-03-18) (62 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Сариосиё ҶШС Ӯзбекистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ муносибатҳои байналмилалӣ
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002)

Сироҷиддин Аҳмадович Пардаев (тав. 18.03.1962, ноҳияи Сариосиё, ҶШС Узбакистон) — олим, сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ (1998), дотсент (2002). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сироҷиддин Пардаев солҳои 1985—1991 дар факултети филологияи русӣ Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст.

Сироҷиддин Пардаев муаллифи 3 асар ва зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Дар таълифотҳояш масъалаҳои глобалии экологӣ, муносибатҳои миллӣ, ташаккули давлати ҳуқуқӣ, демократикунонии ҷомеа ва рушди ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ намудааст. Мунтазам бо маърӯзаҳои илмӣ дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баромад мекунад. Узви Шӯрои минтақавӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар бахши сиёсатшиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) қадр карда шудааст.

  • Некоторые особенности формирования политической культуры в условиях демократизации общественной жизни (к постановке вопроса), Д., 1997;
  • Тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Д., 1998;
  • Идеяи миллӣ — ҳамчун асоси бунёди ҷомеаи навин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д., 2006;
  • Особенности становления внешней политики суверенного Таджикистана и его связи со странами СНГ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007;
  • Особенности приобретения национальной независимости и суверенитета таджикского народа // Вестник ТГПУ, № 4, 2001. ва диг.