Системомил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Системаи оператсионӣ)
Ubuntu

Системаи омил, СО (англ. Operating system, OS) маҷмӯи барномаҳое мебошад, ки таҷҳизоту нармафзори компютерро идора ва ба ҳам ҷӯр месозад. Системаи оператсионӣ раванди воридкунии ахборро аз тарафи истифодабаранда ва система коркард карда, ҷудо кардану идора кардани вазифаҳоро ба истифодабарандагон ва барномаҳо назорат мекунад. Microsoft Windows, Linux ва Mac OS машҳуртарин системаҳои оператсионӣ мебошанд.

Системаи оператсионӣ — маҷмӯи барномаҳои бо ҳам алоқаманд, ки барои идораи захираҳои компютер ва ташкили якҷоя амалкунӣ бо истифодабаранда мебошад. Системаи оператсиониро ба ду гурӯҳ муайянкунанда ҷудо мекунанд: “маҷмӯи барномаҳое, ки таҷҳизотро идора мекунанд” ва “маҷмӯи барномаҳое, ки дигар барномаҳоро идора мекунанд”. Ҳар дуи онҳо вобаста ба ҳолати даркоршавии системаи оператсионӣ, маънои техникии дурусти худро доранд.

Таъинот[вироиш | вироиши манбаъ]

На ҳама вақт системаи оператсионӣ зарур мебошад. Масалан, микрокомпютерҳои насбшуда - дар бисёри асбобҳои маишӣ, автомобилҳо, телефони мобилии одӣ, мавҷуд мебошад, ки танҳо як барномаро дар вақти ба кор даровардан иҷро менамоянду халос. Системаҳои оператсионӣ даркоранд:

  • агар механизми универсалии сабти маълумот даркор бошад;
  • барои тақсимкунии ваколатҳо;
  • имконияти “дар як вақт” иҷро кардани якчанд барнома дар як компютер, агар зарурият бошад;
  • барои идораи раванди иҷроиши барномаҳои алоҳида.

Ҳамин тарз, системаҳои оператсиониҳои муосирро пеш аз ҳама, чунин шарҳ додан мумкин аст:

  • системҳои файлиро истифодабаранда (бо механизми универсалии дастрасӣ ба маълумот);
  • бисёристифодабаранда (бо тақсимкунии ваколатҳо);
  • бисёрмасъаладор (бо тақсимкунии вақт).

Бисёрмасъаладор будан ва тақсимкунии ваколатҳо, иерархияи муайянӣ имтиёзҳои қисматҳоро дар худи системаи оператсионӣ талаб мекунанд. Дар таркиби системаи оператсионӣ се гурӯҳ қисматро ҷудо мекунанд:

  • ядро, ки дорои планкаш мебошад; драйверҳои таҷҳизотҳо, ки бевосита таҷҳизотро идора мекунанд; зерсистемаи шабакавӣ, системаи файлӣ;
  • библиотекаҳои системавӣ;
  • ҷилд бо утилитаҳо (англ. shell with utility).

Таснифоти системаҳои оператсионӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои серверҳо, мейнфреймҳо ва суперкомпютерҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дистрибутивҳо кайҳо боз ба сифати системаи орпетсионии серверӣ истифода бурда мешаванд: SUSE Linux Enterprise Server, Red Hat Enterprise Linux, Raise. Дистрибутивҳо Linux хело ва хело дар мейнфреймҳо дар даҳсолаи охир машҳур гардида истодаанд, қисман аз барои нарх ва модели “open source code”. Мисол: LinuxONE барои мейнфреймҳои IBM z Systems. Инчунин дистрибутивҳои Linux ба сифати системаи орпетсионии суперкомпютерҳо васеъ истифаод мешаванд: аз рӯи маълумотҳо 98,8% суперкомпютерҳо дар рӯйхати 500 суперкомпютерҳои аз ҳама боқувват бо ҳаргуна варинатҳои Linux кор мекарданд. Системаи оператсионии суперкомпютери завмонавии аз ҳама боқувват — Tianhe-2 — Kylin Linux мебошад.

Барои смарт-таҷҳизотҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъзе аз системҳои оператсионӣ барои смарт-таҷҳизотҳо, масалан самартфонҳо, планшет, смарт телевизорҳо ва мултимедиа системаҳо дар воситаҳои нақлиёт аз Linux асос ёфтаанд. Маъмултарини онҳо ин Android, Firefox OS, Mer, Ubuntu Mobile, Ubuntu Touch ва Tizen – мебошад.

Бозиҳои компютерӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

9 январи соли 2013 ширкати Valve эълон, намуд, ки консоли сохта истода - Steam Machine зери идораи SteamOS кор мекунад, ки он аз Linux асос дорад.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]