Microsoft Windows

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Microsoft Windows
Тавсеъадиҳанда Microsoft
Аввалин барориш 20 ноябр 1985
Охирин нусха
Охирин нусхаи санҷишӣ
Пуштибонии платформаҳо ARM architecture[d], IA-64[d], MIPS architecture[d], DEC Alpha[d], PowerPC[d] ва x86[d]
Интерфейс Windows Runtime[d], Windows API[d], .NET Framework[d], Universal Windows Platform[d], .NET Compact Framework[d], .NET[d], Windows Forms[d] ва Windows Presentation Foundation[d]
Иҷозатнома proprietary license[d]
Пешгузашта MS-DOS[d]
Веб-сайт windows.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Windows (аз англ. — «равзана», кутаҳ. Win) — маҷмӯъи системаҳои амалиётии ширкати Microsoft, ки дар асоси истифодаи интерфейси графикӣ амал мекунад.

Дар айни ҳол зиёда аз 90 дарсади компютерҳои инфиродӣ бо системаи амалиётии Microsoft Windows кор мекунанд Дар ин система ҳар як барнома дар экран дохили равзанаи хеш тасвир шуда, тавассути унсурҳои он идора ва иҷро мешавад. Вариантҳои Windows 3.1. ва Windows 3.11 қабатҳои амалиётии графикӣ ном дошта, пеш аз ба кор оғоз карданашон бояд системаи амалиётии MS-DOS ба кор шурӯъ кунад.

Намудҳои Windows 95, Windows 98, Windows NT, Windows 2000, Windows ХР ва Windows Mе системаҳои амалиётии мустақил дошта, бевосита ба кор шурӯъ мекунанд. Вариантҳои ояндаи Microsoft Windows аз вариантҳои қаблӣ мукаммалтар, хотираашон зиёд, реҷаи муҳофизаташон мукаммал, вазифаҳояшон васеътар буда, дар онҳо функсияҳои мултимедиягӣ илова мешаванд. Рақамҳои ин системаҳо соли пайдошавии онҳоро нишон медиҳад. Масалан, Windows 98 соли 1998 сохта шудааст. Кор бо ҳама вариантҳои Windows аз системаи амалиётии MS-DOS осону муносибтар аст. Microsoft Windows барои ҳамаи барномаҳои худ муҳити ягонаи корӣ (интрефейс)-ро таъмин мекунад. Маҷмӯи Windows NT аз Miсrosoft Windows XP иборат буда, системаҳои амалиётии 32 ва 64-битӣ мебошанд ва ба MS-DOS ҳатто барои корандозӣ эҳтиёҷ надоранд. Танҳо оилаи мазкури Microsoft Windows барои серверҳо (шабакаҳо) системаҳои амалиётӣ дорад.

Маҷмӯи системаи амалиётии компютерҳои ҷайбии Windows СЕ махсус барои афзори мобилӣ сохта шудаанд. Бархилофи дигар системаҳои амалиётии Microsoft Windows системаи амалиётии оилаи мазкур як ҷо бо афзори тайёр, ба монанди смартфонҳо, компютерҳои ҷайбӣ, GPS-навигаторҳо, MP3-садодиҳандаҳо ва ғ. фурӯхта мешавад.

Маҷмӯъи системаҳои амалиётии Windows Embedded ба системаҳои амалиётии вақти воқеӣ мансуб буда, махсус дар дохили системаҳо сохта шуда, онҳоро якҷо бо афзори тайёр, ба монанди банкоматҳо, афзори тиббӣ, ҳавонавардӣ, терминалҳои пардохтқабулкунӣ, роботҳо, автоматҳои бозӣ ва ғ. мефурӯшанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]


Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]