Jump to content

Сифати нисбӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сифатҳои нисбӣ аломат,хосият ва чигунагии ашёву ҳодисаҳоро аз рӯйи муносибати ба ашёе ё ҳодисае доштаи онҳо мефаҳмонанд.Ин муносибат ҳар хел мешавад: нисбат ба шахс (меҳри модарӣ, саломи дӯстона, либоси бачагона); ашёҳои ғайришахс (боғи наздимактабӣ, донишгоҳи давлатӣ, аспи зотӣ); замон (шамоли субҳдамӣ, ғамхории доимӣ, гандуми тирамоҳӣ); макон (духтари дарвозӣ, пудинаи боғӣ, гӯсфанди ҳисорӣ); таъинот (боғчаи бачагона, ёрии тиббӣ, флоти ҳавоӣ);воситаи иҷро (меҳнати дастӣ, оташдони газӣ, осиёи барқӣ), сохта шудани ашё аз чизе (гулдони булӯрин, бинои хиштин, девори тахтагӣ); нисбат ба мафҳуми маънӣ (кори илмӣ, ҳаёти ҳизбӣ). Хусусияти фарқкунанлаи сифати нисбӣ аз сифати аслӣ ин аст, ки дараҷа надорад ва аз он исмҳои маънию зарф сохта намешавад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1: Фонетика ва морфология.- Душанбе: Дониш, 1985.- с.133