Сиёсатшиносӣ
Сиёсатшиносӣ — илм дар бораи сиёсат, дар бораи фаъолияти арсаи ҳаёти одамон, ки бо муносибатҳои ҳукуматӣ, бо сохтори давлатӣ ва сиёсии ҷамъият, мақомотҳои сиёсӣ, қонунҳо ва меъёрҳо алоқаманд мебошад. Ин қонунҳо ва меъёрҳо фаъолияти ҷамъиятӣ, муносибатҳои одамон, ҷомеъа ва давлатро таъмин менамоянд.
Сиёсатшиносӣ соҳаи сиёсии ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсат, ҳокимияти сиёсӣ, муайян кардани асосҳои қонунияти он, таъсири низоми ҳуқуқи ба он, механизмҳои таъмини устуворӣ ва беҳбудии онро аз нуқтаи назари идоракунӣ ва амалӣ кардани манфиатҳои ҷомеа меомӯзад[1].
Илми сиёсӣ доираи васеъи масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди донишҳо дар бораи сиёсат ва фаъолияти сиёсӣ, низоми муносибатҳои ҳокимият, низоми сиёсии идоракунӣ дар давлат, оқибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар фаъолияти он, инчунин шарҳ ва пешгӯии равандҳо, падидаҳо ва рушди сиёсӣ алоқаманданд. Илми сиёсӣ хусусиятҳои системасози системаҳои гуногуни сиёсӣ, режимҳои сиёсӣ, шароит ва тайғир ё ивазнамудани маданияти сиёсӣ, ҷомеаи шаҳвандӣ ҳамчун субъект ва объекти идоракунии сиёсӣ ва ғайраро меомӯзад.
Сиёсат ҳамчун фанни таълимӣ аз охири асри 14 ба барномаҳои таълимии донишгоҳҳои Аврупо шомил карда шуд. Дар аввал, таълими он танҳо ба омӯзиши „Cиёсат“-и Арасту маҳдуд буд.
Тайғироти сифати дар таълими сиёсат дар нимаи дуюми асри 19 ба амал омад, ки асосан аз сабаби рушди сотсология ва методологияи позитивизм буд. Дар донишгоҳҳои оли Аврупо ва Амрикои Шимолӣ кафедраҳо ва факултаҳои сиёсатшиносӣ пайдо шудаанд. Аввалин шуда кафедраи таърих ва илмҳои сиёсӣ дар Донишгоҳои Калумбия ( ИМА , 1857) кушода шуд: сипас Академияи илмҳои ахлоқӣ ва сиёсӣ дар мадрид ( Испания , 1861 ), мактаби озоди илмҳои сиёсӣ дар Париж ( Фаронса , 1871), мактаби илмҳои сиёсӣ дар Калумбия ( ИМА , 1880 ), ҷамияти илмҳои сиёсӣ дар Берлин ( Олмон 1883 ) ва мактаби илмҳои сиёсӣ ва иқтисод дар Лондон ( Британия Кабир , 1895 ) таъсис ёфтанд.
Симпозиуми байналмилалӣ оид ба илмҳои сиёсӣ, ки соли 1948 таҳти сарпарастии Юнеско баргузор гардид, дар рушди таълими илмҳои сиёсӣ нақши муҳим бозид. Дар он вақт истилоҳи „илми сиёсӣ“ пайдо шуд ва тавсияҳо барои ҷорӣ кардани таҳсилоти олӣ таҳия карда шуданд.
Обеъкт ва мавзӯи илми сиёсатшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Обеъкти асосии омӯзиши илми сиёсатшиносӣ ҳамчун як фан ҳокимияти сиёсӣ, асосҳои низоми ҳуқуқи он, муайян кардани асоси қонунияти он ва равшан кардани механизмҳои таъмини устуворӣ ва идоракунии оптималии он мебошад.Ғайр аз ин, обеъкти омӯзиши илми сиёсатшиносӣ сиёсат, соҳаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Мавзуи илми сиёсатшиносӣ намунаҳои ҳамкории байни субъектҳои иҷтимоӣ дар робита ба қудрати сиёсӣ мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Лопушанский И. Н. Политология: учебно-методическое пособие / под ред. В. В. Колесникова. — Санкт-Петербург: Санкт-Петербургский Юридический Институт (филиал) Университета Прокуратуры Российской Федерации, 2018. — С. 4. — 60 с. — ISBN ББК 60.5я73.