Сиёҳалаф
Намуди зоҳирӣ
| Сиёҳалаф | ||||||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
|
Олам: Салтанат: Шоха: Синф: Тартиб: Оила: Зероила: Авлод: Гуна: Сиёҳалаф |
||||||||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||||||||
| Allium rosenbachianum Regel | ||||||||||||||||
| ||||||||||||||||
Сиёҳалаф, сияҳалаф, сеалаф (лот. Allium rosenbachianum) — навъе пиёзи худрӯст. Пиёзакаш мудаввар (ғафсиаш 1—4 сантиметр), пояаш 20—90 сантиметр қад мекашад, баргаш борик ё васеи тасмашакл (бараш 1— 5 сантиметр), гули майдаи дуҷинса ва ғӯзаи сепалла дорад. Асосан дар минтақаи ҷангалзор, камари шахҳо ва соҳили рӯдҳои кӯҳӣ, нишебиҳои санглохи қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Вахш ва дигар (1000—3000 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Барги сиëҳалаф сервитамин аст ва чун сабзавот истеъмол мешавад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи мухтасари тиб : [ дар 5 ҷ.] / сармуҳаррири илмӣ У. А. Қурбонов ; 2011—2012, ҷ. 5)