Сиёҳмурдагӣ
Сиёҳмурдагӣ | |
---|---|
Ихтисос | Ҷарроҳӣ |
| |
МКБ-10 | R02., I70.2, E10.2, I73.9 |
МКБ-9 | 040.0, 785.4 |
DiseasesDB | 19273 |
MedlinePlus | 007218 |
eMedicine | / |
MeSH | D005734 |
Сиёҳмурдагӣ, қонқориё[1], гангрена (аз юн.-қад. γάγγραινα; лот. necrosis, mortificatio, mumuficatio) — марги қисмате аз узви бадан ба сабаби нарасидани хун, зарба, уфунат, ё сармозадагӣ, ки бар асари он узв чурӯкидаву сиёҳ шавад.
Бо мурури инкишофи сиёҳмурдагӣ бофтаҳо камоб (сиёҳмурдагӣ-и хушк), қисми осебдида тадриҷан хушк, сахт ва ҷигаритоб (муммонанд) мешавад. сиёҳмурдагӣ бештар дар дасту по падид меояд. Сиёҳмурдагии хушк батадриҷ рушд меёбад. Дар натиҷа бофтаҳо мехушканд, ҷигарӣ ё сиёҳ мешаванд. Ҳолати умумии бемор вазнин намешавад, зеро дар бофтаҳои хушк мавҷудоти зиёновар инкишоф намеёбанд. Риоя накардани қоидаҳои асептика боиси пайдоиши сиёҳмурдагии тар мегардад. Сиёҳмурдагӣ бинобар халал ёфтани ҳаракати хун рух медиҳад. Дар бофтаҳои тар мавҷудоти пӯсишовар нумӯ мекунанд. Дар натиҷа, бофтаҳо ба чизи нарми сабзранг ё сиёҳи бадбӯй табдил меёбанд. Ҳарорати бадан баланд, вазъи умумии бемор бад мешавад, ки нишонаи заҳролудии организм аз маҳсули таҷзияи бофтаҳост.
Сиёҳмурдагӣ асосан дар узвҳои раги хунгардашон кам (мас., ангушт, панҷаи даст, кафи пой, суфраи гӯш) ба вуҷуд меояд. Ба пайдоиши сиёҳмурдагӣ ихтилоли ҳаракати хун дар узву бофтаҳо (мас., дар аснои баста шудани шараён), зуд лахта бастани хун, бемории ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ), мас., касалии қанд, захм ёфтани раги хунгард, атеросклероз (танг гаштани сурхраг), осебҳои гуногун (муддати дароз бо тофтабанд фишурдани бофтаҳо, тазйиқи шикам, шикастабандӣ), омилҳои кимиёӣ (таъсири кислотаҳо ё ишқорҳо) ва физикавӣ (ҳарорати аз 50°С баланд ё сармои аз 20°С паст, α-афканишот, β-афканишот) мусоидат менамоянд. Нақси фаъолияти дилу рагҳо, витаминкоҳиш, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, заҳролудии музмин аз шароб ва никотин ҷараёни сиёҳмурдагиро метезонанд. Ҳангоми баста шудан (тромбоз)-и сиёҳрагҳои рон саривақт гирифта партофтани судда (тромб) сиёҳмурдагиро пешгирӣ мекунад. Риояи қоидаҳои тарбандӣ ва тофтабандӣ ҳатмист. Дар сурати натиҷаи дилхоҳ надодани тадбирҳои пешгирии сиёҳмурдагӣ узви осебдидаро мебуранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги форсии Ъамид. Қонқориё чист? Маънои қонқориё(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 17 апрели 2020 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Диабет. М., 2001; Гостищев В. К. Общая хирургия. М. 2005;
- Петров С. В. Общая хирургия. М., 2005;
- Селезнева Т. Д. Лечение сахарного диабета. Ростов н/Д., 2006.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гангрена / Қ. Носиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.