Jump to content

Соати зангдор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Соати зангдори суннатии механикӣ

Соати зангдор (англ. Alarm clock) — навъе соат аст, ки барои ҳушдор додан ба як фард ё гурӯҳе аз афрод, дар замоне мушаххас тарроҳӣ шудааст.

Корбурди аввалияи ин соатҳо бедор кардани мардум аз хоби шабона ё хобҳҳои кӯтоҳ аст, аммо гоҳе аз онҳо барои ёдовариҳои дигар низ истифода мешавад. Ин соатҳо барои ҳушдор, бештар аз садо истифода мекунанд аммо бархе авқот аз нур ё ларзиш низ баҳра мегиранд. Бархе анвоъи онҳо сенсурҳое доранд, ки марҳалаи хоби амиқи афродро шиносоӣ карда ва касеро, ки амиқан дар хоб аст бедор намекунанд, чаро ки ҳатто агар ӯ ба қадри кофӣ хобида бошад бедорӣ дар ин марҳала бештар боисӣ хастагиаш хоҳад шуд. Маъмулан як дукма ё василае барои мутаваққиф кардани садо ё нур дар ин соатҳо таъбия шуда ва ин соатҳо агар ба андозаи кофӣ занги ҳушдорро эълом кунад ба таври худкор мутаваққиф мешаванд.