Jump to content

Собирҷон Юнусов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Собирҷон Юнусов
Собирҷон Юнусов
Таърихи таваллуд 20 сентябр 1932(1932-09-20) (92 сол)
Зодгоҳ Самарқанд
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ботаника
Ҷойҳои кор Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер УДС (ҳоло – ДДС) ба номи А. Навои

Собирҷон Юнусов (20.09.1932, м. Хоҷа Аҳрори Валии н. Самарқанд), олими ботаник-систематик (набототш.). Номзади илми ботаника (1970), дотс. (1985), профессор (1993). «Аълочии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» (1986).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳри Самарқанд фак. биол. УДС (ҳоло – ДДС) ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1958). С. 1958 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст. Корм. хурди ил- мии Ин.-ути бот. АИ Тоҷикистон (1958-1961), асп. (1961-1969), корм. калони Ин.-ути бот. АФ Тоҷикистон (1969-83), муд. каф. бот. ва ҳифзи рустании ДАТ (ҳоло – ДАТ ба номи Шириншо Шотемур, 1983-1993). Аз соли 1993 – муд. каф. бот. ва экологияи киш. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон. Муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла « Определитель растений ущелья реки Варзоб» (1986), «Красная книга Таджикистана» (1988), яке аз муаллифони асари машҳури 10-ҷилдаи «Флораи Тоҷикистон» (Ленинград, 1991), китоби минтақавии 10-ҷилдаи «Определитель растений Средней Азии» («Тавзеҳгари набототи Осиёи Миёна«, Тош., 1993), «Китоби Сурхи ҶТ» (1997), « Ботаника. Дастури таълимӣ – услубӣ доир ба номгӯи лотинӣ , тоҷикӣ ва русии рустаниҳои ташаккулёфта « (Д., 2010), «Феҳристи ботаникии рустаниҳои Тоҷикистон» (Д., 2010), « 100-летие со дня рождения академика П. Н. Овчинникова» (Д., 2010) ва ғ. Бо орд. «Шараф» (1999), мед. «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», Дипломи «Барои фаъолияти пурсамар дар тайёр намудани мутах. баландпояи фарҳ. агросаноатӣ» (2011) мукофотонида шудааст.