Содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт - аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон - пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ё анҷом додани амалҳои дар сархати дуюми ҳамин банд зикршуда, ки мустақиман ба содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт, инчунин дигар амалҳои мувофиқи ҳамин Кодекс барои мол ва воситаҳои нақлиёт то замони интиқоли ҳақиқии онҳо аз сарҳади гумруки пешбинишуда нигаронида шудааст. Ба амалҳое, ки мустақиман ба содироти мол ва (ё) воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, амали дохил шудани (вуруди) шахси воқеии аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷшаванда ба минтақаи назорати гумруки, ворид шудани воситаҳои нақлиёт ба нуқтаи гузаргоҳ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баровардани он аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоридани мол ба ташкилотҳои нақлиёти ва (ё) муросилоти байналмилалӣ тавассути ташкилотҳои (муассисаҳои) алоқаи почта барои ирсол берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амали шахс ҷиҳати бо мол ва воситаҳои нақлиёт мустақиман баромадан аз сарҳади гумруки берун аз маҳалҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ба ҳисоб меравад[1]

Манбаъ[вироиш]

  1. Истилоҳот/Сомонаи Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати ҶТ

Пайвандҳои беруна[вироиш]