Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Содиқ Нуруллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Содиқ Нуруллоев
Таърихи таваллуд 5 июни 1961(1961-06-05) (65 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Масчоҳ
Пеша(ҳо) сароянда

Содиқ Нуруллоев (5 июни 1961, деҳаи Худгифи Соя, ноҳияи Масчо) — овозхони опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2011).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Содиқ Нуруллоев 5 июни соли 1961 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Масчо дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1968 ба мактаби миёнаи № 10 рафта, онро соли 1978 хатм кардааст[1].

Дар айёми кудакӣ бо хондани шеъру суруд хеле завқ дошт. Дар синфи 6-ум ӯро ба кружоки худфаъолиятии мактаб қабул карданд. Аз оғози кудакӣ Содиқ бо сурудҳои ҳунармандони маъруфи тоҷик ба монанди Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов, Одина Ҳошим ва дигарон дилбохта бо шеваи кӯдакӣ сурудҳои инҳоро дар тамоми мафҳилҳои мактаб ва ноҳия месароид. Устоди аввалини Содиқ Саидумар Умаров мебошад, ки то имрӯз дар театри ноҳияи Мастчоҳ фаъолият дорад. Солҳои 1979—1981 дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намудааст. Соли 1982 ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) ба шуъбаи овозхонии академӣ дохил мешавад. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқӣ ба Институти санъати ба номи М. Турсунзода ба факултаи овозхони академӣ ва тайёр кардани овозхони опера дохил мешавад.

Дар давраи донишҷӯӣ дар донишкада бисёр нозукиҳои санъати операро аз устодони худ Шамсӣ Низомов, Ибодулло Абдуллоев, Галина Федюк, Бурҳон Мамадқулов аз худ мекунад. Соли 1988 донишҷӯи соли 3-юм ба Театри академии опера ва балет ба кор меояд. Дар давраи кор ва фаъолият Содиқ Нуруллоев зиёда аз 40 нақш офарида, дар саҳнаи театр 12 консерти хоса мондааст. Мавсуф дар Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон иштирок намудааст. Бо консертҳои хоса ба давлатҳои Чин, Туркия, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон сафарҳои ҳунарӣ намудааст.

Ӯ овози форам ва дорои маҳорати сарояндагӣ ва маданияти баланд дошта дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои (образ) ҷолиб офаридааст. Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад. Дар 40 спектаклҳои операвӣ нақш офаридааст.

Ҷоизаву унвонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Содиқ Нуруллоев барои дар соҳаи ҳунари касбӣ бо бисёр сипосномаҳо ва мукофотҳои Вазорати фарҳанг ва соли 2005 бо медали «Хидмати шоиста» ва соли 2011 бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.