Соиб Хосир
Зоҳир
Таърихи даргузашт | 683 |
---|---|
Пеша(ҳо) | мусиқидон |
Соиб Хосир (ар. سائب خاثر), Абуҷаъфар Соиб ибни Ясор (ар. أبو جعفر سائب بن يسار; дарг. 683) — хонанда, навозанда ва мусиқидони эронитабори араб, муъарифи вазни сақили аввал, аз шогирдони Нашити Форсӣ. Ӯ нахустин касест, ки дар Мадина овози худро бо барбат ҳамроҳӣ кардааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падараш Бушоъ аз бардагони озодшуда буд. Соиб монанди Нашити Форсӣ аз ғуломони Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар буд. Ӯ бо дастури Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар овози арабиро аз Нашити Форсӣ, ки тоза ба Мадина омада буд омӯхт. Ибтидо овозро бидуни ҳамроҳии соз мехонд ва зарби онро бо чӯбе, ки рӯйи замин менавохт ҳифз мекард. Баъдҳо уд омӯхт ва аввал касе аст, ки дар Мадина уд сохтаву навохтааст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ زندگی نامه سائب خاثر(форсӣ). مردان پارس (25 июни 2012). 28 июли 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Faizer, Rizwi (2006). Meri, Josef W., ed. Medieval Islamic Civilization: An Encyclopedia (Vol. 1, A-K, Index). Routledge. ISBN 978-1135455965.
- Wright (1995). "Ṣāʾib K̲h̲āt̲h̲ir". In Bosworth, C. E.. Encyclopaedia of Islam. Volume VIII: Ned–Sam (2nd ed.). Leiden: E. J. Brill. ISBN 978-90-04-09834-3. https://referenceworks.brillonline.com/entries/encyclopaedia-of-islam-2/saib-khathir-SIM_6481?s.num=184&s.rows=20&s.f.s2_parent=s.f.book.encyclopaedia-of-islam-2&s.start=180&s.q=Persian.
- Zelli, Bijan (2017). "Zaryab: The Cultural Meeting of East and West". In Grajter, Małgorzata. The Orient in Music - Music of the Orient. Cambridge Scholars Publishing. ISBN 978-1527510265.