Солими Кашмирӣ
Зоҳир
Таърихи даргузашт: | 1707 |
---|---|
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Асламхон Солими Кашмирӣ (форсӣ: اسلمخان سالم كشميری; ? — 1707, Кашмир) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз аҳли Кашмир. Муддате дар хидмати Муҳаммад Аъзамшоҳи писари Аврангзеби Оламгир буд. Зиндагиаш фақирона мегузашт. Солим соҳиби табъи латифу истеъдоди баланди шоирӣ буда, бо шуарои намоёни Ҳиндустон — Носиралии Сарҳиндӣ; Бедил, Моҳир, Неъматхони Олӣ дар масъалаҳои шеъру адаб мусоҳибаҳо кардааст. Қуллиёти ашъори Солим боқист. Мавзӯи асосии ғазалиёташ тараннуми ишқи поку тавсифи эҳсосоти инсонӣ, тасвири манзараҳои зебои табиат, масоили иҷтимоию ахлоқӣ, фалсафӣ ва ҳасби ҳоли шоиранд. Асарҳои насрӣ низ доштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солим Асламхон / А. Ғаффоров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).