Субҳони Аъзамзод
Аъзамов Субҳонҷон Баҳромҷонович | |
Таърихи таваллуд | 15 ноябр 1971 (52 сол) |
Зодгоҳ | Конибодом, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | адабиётшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент (2005) |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1993) |
Субҳони Аъзамзод (Аъзамов Субҳонҷон Баҳромҷонович; 15 ноябри 1971, Конибодом, вилояти Ленинобод) — адабиётшинос ва мунаққид, номзади илмҳои филология (2002), дотсент (2005)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аъзамов Субҳонҷон 15 ноябри соли 1971 дар шаҳри Конибодоми вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи № 2-юми ба номи А. Лоҳутии ш. Исфара солҳои 1988—1993 дар факултети филологияи тоҷики ДДТ (алҳол ДМТ) таҳсил ва фаъолияташро ба сифати омӯзгори мактаби миёнаи № 12-уми ба номи Ю. Бойзоқов ва гимназия-коллеҷи ш. Исфара оғоз намудааст (1993—1997). Яке аз муассисон ва котиби масъули Маркази илму фарҳанги «Паёми Ҳофиз» дар шаҳри Исфара (1994—1999) буд. Дар ин давра ба фаъолияти илмиву адабӣ ва рӯзноманигорӣ оғоз кардааст.
Аз соли 1999 то имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ба сифати муаллим, сармуаллим, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба корҳои илмӣ-тадқиқӣ машғул мебошад. Дар ин солҳо дар вазифаи мувоини декан оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии факултети филологияи тоҷик (2008—2009), докторанти кафедраи адабиёти муосири тоҷик (2010—2011, 2014), муовини директор ва ходими калони илмии Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои гуманитарӣ дар назди донишгоҳ (2011—2014), сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2012—2015)[1], мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (2015—2020).
Аз соли 2020 дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ва ходими калони илмии Институти тадқиқоти илмҳои ҷомеъашиносии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад[2].
Фаъолиятҳои илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2002 дар мавзӯи «Ташаккули адабиётшиносии тоҷикии солҳои 30-40-уми садаи ХХ ва бозҷустҳои филологии Лутфулло Бузургзода» таҳти раҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус дар Шӯрои дифои назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ҳимоя кардааст. Рисолаи докториаш ба масъалаи таҳаввули афкори адабии тоҷикии охири асри Х1Х ва нимаи аввали асри ХХ бахшида шудааст.
Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили муҳими таърихи адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик, сарчашмашиносӣ, муаммоҳои адабиёти гузаштаву имрӯза, адабиёти муосири форсӣ ва равобити адабии кишварҳои форсизабон, арзиши осори адабӣ ва адабиётшиносӣ, шинохти шеър ва насри муосир, мақоми шахсиятҳои адабиву илмиву фарҳангӣ, таърих ва фарҳанги замони муосир ва ғ. ихтисос дошта, матолиб бо такя ба омӯзиши манбаъҳои дараҷаи аввали илмӣ, адабӣ ва дар асоси иттилооти бойгониҳо ва матбуотии тоҷикии нимаи аввали садаи ХХ муайян шудаанд.
Дар тадқиқоти Аъзамов Субҳонҷон ба масъалаҳои умдаи шаклгирии адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик дар садаи ХХ, афкори адибону адабиётшиносон дар шинохти ҷойгоҳи суханварони гузаштаи форсӣ ва мероси адабии онон, муҳтавои баҳсу мунозираҳои илмии адабиётшиносӣ оид ба мероси адабии суханварони гузаштаи тоҷику форс диққати хосе дода шуда, дар онҳо бисёр паҳлӯҳои ин мавзӯъ дар заминаи баҳси мероси суханварон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Аъзамов Субҳонҷон дар маҷмӯъ муаллифи беш аз 300 асари илмӣ, илмӣ-методӣ ва публитсистӣ, даҳҳо китобу рисола ва маҷмӯаҳо мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вижанигоштҳо
- Адабиётшиносии тоҷик ва ҷустуҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода. — Хуҷанд: Нури маърифат, 2009;
- Адабиёт ва маърифати нақд. — Хуҷанд: Анис, 2012;
- Фурӯғи нақд. — Хуҷанд: СИ Файзибоев М. М. «Меъроҷ», 2018.
- Китобҳои дарсӣ
- Таърихи адабиёти хориҷӣ (Шарқи хориҷӣ) [Раҳнамои таълим] // Хуҷанд: Нури маърифат, 2004. — 112 с.
- Таърихи адабиёти хориҷӣ (Шарқ) [Раҳнамои таълим] // Хуҷанд: Нури маърифат, 2005. — 145 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аъзамов Субҳонҷон | Шахсиятҳо (А-Я). www.hgu.tj. ДДХ. 15 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 ноябри 2021.
- ↑ Аъзамов Субҳонҷон Баҳромҷонович | Шахсиятҳо (А-Я). www.hgu.tj. 15 ноябри 2021 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI. Ҷилди 1. — Душанбе, 2018.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бойгонӣ шудааст 15 марти 2019 сол.