Субҳонҷон Аъзамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Субҳонҷон Аъзамов
Субҳонҷон Баҳромҷонович Аъзамов
200px
Санаи таваллуд:

15 ноябр 1971(1971-11-15) (47 сол)

Зодгоҳ:

Конибодом, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

Адабиётшинос

Ҷойҳои кор:

Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои филологӣ,(2002)

Унвонҳои илмӣ:

дотсент (2005)

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1988-1993)

Субҳонҷон Аъзамов (Субҳонҷон Баҳромҷонович Аъзамов (Субҳони Аъзамзод); 15 ноябри 1971, шаҳри Конибодом, вилояти Суғд) — олим, адабиётшинос ва мунаққид, номзади илмҳои филологӣ (2002), дотсент (2005)

Зиндагинома[вироиш]

Аъзамов Субҳонҷон 15 ноябри соли 1971 дар шаҳри Конибодоми вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №2-юми ба номи А. Лоҳутии ш. Исфара солҳои 1988-1993 дар факултети филологияи тоҷики ДДТ (алҳол ДМТ) таҳсил ва фаъолияташро ба сифати омўзгори мактаби миёнаи №12-уми ба номи Ю. Бойзоқов ва гимназия-коллеҷи ш. Исфара оғоз намудааст (1993-1997). Яке аз муассисон ва котиби масъули Маркази илму фарҳанги “Паёми Ҳофиз” дар шаҳри Исфара (1994-1999) буд. Дар ин давра ба фаъолияти илмиву адабӣ ва рўзноманигорӣ оғоз кардааст. Аз соли 1999 то имрўз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ба сифати муаллим, сармуаллим, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба корҳои илмӣ-тадқиқӣ машғул мебошад. Дар ин солҳо дар вазифаи мувоини декан оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии факултети филологияи тоҷик (2008-2009), докторанти кафедраи адабиёти муосири тоҷик (2010-2011, 2014), муовини директор ва ходими калони илмии Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои гуманитарӣ дар назди донишгоҳ (2011-2014), сардори Раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2012-2015) фаъолият бурдааст. Аз моҳи марти соли 2015 мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Фаъолиятҳои илмӣ[вироиш]

Соли 2002 дар мавзўи “Ташаккули адабиётшиносии тоҷикии солҳои 30-40-уми садаи ХХ ва бозҷустҳои филологии Лутфулло Бузургзода” таҳти раҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус дар Шӯрои дифои назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ҳимоя кардааст. Рисолаи докториаш ба масъалаи таҳаввули афкори адабии тоҷикии охири асри Х1Х ва нимаи аввали асри ХХ бахшида шудааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили муҳими таърихи адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик, сарчашмашиносӣ, муаммоҳои адабиёти гузаштаву имрўза, адабиёти муосири форсӣ ва равобити адабии кишварҳои форсизабон, арзиши осори адабӣ ва адабиётшиносӣ, шинохти шеър ва насри муосир, мақоми шахсиятҳои адабиву илмиву фарҳангӣ, таърих ва фарҳанги замони муосир ва ғ. ихтисос дошта, матолиб бо такя ба омӯзиши манбаъҳои дараҷаи аввали илмӣ, адабӣ ва дар асоси иттилооти бойгониҳо ва матбуотии тоҷикии нимаи аввали садаи ХХ муайян шудаанд. Дар тадқиқоти Аъзамов Субҳонҷон ба масъалаҳои умдаи шаклгирии адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик дар садаи ХХ, афкори адибону адабиётшиносон дар шинохти ҷойгоҳи суханварони гузаштаи форсӣ ва мероси адабии онон, мўҳтавои баҳсу мунозираҳои илмии адабиётшиносӣ оид ба мероси адабии суханварони гузаштаи тоҷику форс диққати хосе дода шуда, дар онҳо бисёр паҳлўҳои ин мавзўъ дар заминаи баҳси мероси суханварон Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Осори илмӣ[вироиш]

Аъзамов Субҳонҷон дар маҷмўъ муаллифи беш аз 300 асари илмӣ, илмӣ-методӣ ва публитсистӣ, даҳҳо китобу рисола ва маҷмӯаҳо мебошад.

Китобҳо (Монографияҳо)[вироиш]

  1. Адабиётшиносии тоҷик ва ҷустуҷўҳои илмии Лутфулло Бузургзода.–Хуҷанд: Нури маърифат, 2009;
  2. Адабиёт ва маърифати нақд.–Хуҷанд: Анис, 20012;
  3. Фурўғи нақд.–Хуҷанд: СИ Файзибоев М. М. “Меъроҷ”, 2018.

Китобҳои дарсӣ[вироиш]

  1. Таърихи адабиёти хориҷӣ (Шарқи хориҷӣ) [Раҳнамои таълим] // Хуҷанд: Нури маърифат, 2004.–112 с.–6,9 ҷ. ч.
  2. Таърихи адабиёти хориҷӣ (Шарқ) [Раҳнамои таълим] // Хуҷанд: Нури маърифат, 2005.–145 с.–9,0 ҷ. ч.
  3. Фанни интихоби донишҷӯй: Матбуот, адабиёт ва нақди адабӣ [Раҳнамои таълим] // Хуҷанд: Нури маърифат, 2005.–128 с.–7,9 ҷ. ч.
  4. Аз таърихи нақди адабии тоҷик (охири садаи нуздаҳ-охири солҳои 20-уми садаи бист). Дастури таълим. –Хуҷанд: Нури маърифат, 2010.–100 с.–5,81 ҷ. ч. Нашри дувум бо таҷдиди назар ва ислоҳу иловаҳо: Хуҷанд, 2011.–128 с.–7,44 ҷ. ч. Нашри севум бо ислоҳу иловаҳо.–Хуҷанд, 2013.–128 с.–7,44 ҷ. ч.
  5. Намунаҳои шеъри муосири тоҷик (садаи бист-ибтидои садаи бисту як). Замима ба матни лексияҳои “Адабиёти муосири тоҷик” барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ва ғоибона.–Хуҷанд: Нури маърифат, 2010.–96 с.–5,58 ҷ. ч. Нашри дувум: Хуҷанд, 2011.–96 с.–5,58 ҷ. ч.
  6. Таърихи адабиёти хориҷӣ (Адабиёти Эрон дар садаи бист): Матни лексияҳо.–Хуҷанд, 2010.–112 с.–6,51 ҷ.ч.
  7. Аз таърихи адабиёти муосири тоҷик (садаи бист): Фишурдаи маводи лексионӣ / Аъзамзод С., Пӯлодова Ш.–Хуҷанд, 2011.–112 с.–6,5 ҷ. ч.
  8. Таърихи адабиёти хориҷӣ. Қисми II. Фишурдаи матни лексияҳо аз адабиёти форсии дарӣ, пуштунӣ, урду, ҳиндӣ, туркӣ, арабӣ.–Хуҷанд, 2011.–112 с.–7,0 ҷ. ч.
  9. “Китобхонаи донишҷӯ–1”. Аз таърихи нақди адабии тоҷик (охири садаи нуздаҳ-охири солҳои 20-уми садаи бист). Дастури таълим Нашри севум бо таҷдиди назар ва ислоҳу иловаҳо: Хуҷанд, 2012.–128 с.–7,44 ҷ. ч.
  10. “Китобхонаи донишҷӯ–2”. Аз таърихи адабиёти муосири тоҷик (садаи бист): Фишурдаи маводи лексионӣ. Нашри дувум бо таҷдиди назар ва ислоҳу иловаҳо / Аъзамзод С., Пӯлодова Ш.–Хуҷанд, 2012.–112 с.–6,5 ҷ. ч.
  11. “Китобхонаи донишҷӯ–3”. Намунаҳои шеъри муосири тоҷик (садаи бист-ибтидои садаи бисту як). Замима ба матни лексияҳои “Адабиёти муосири тоҷик” барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ва ғоибона. Нашри севум. Хуҷанд, 2012.–96 с.–5,58 ҷ. ч.
  12. “Китобхонаи донишҷӯ–4”. Таърихи адабиёти хориҷӣ. Қисми 1. Фишурдаи матни лексияҳо аз адабиёти Эрон дар қарнҳои ХVI-ХIХ ва ХХ. Нашри дувум бо ислоҳу иловаҳо.–Хуҷанд, 2012.–112 с.–6,5 ҷ. ч.
  13. “Китобхонаи донишҷӯ–5”.Таърихи адабиёти хориҷӣ. Қисми II. Фишурдаи матни лексияҳо аз адабиёти форсии дарӣ, пуштунӣ, урду, ҳиндӣ, туркӣ ва арабӣ. Нашри дувум бо ислоҳу иловаҳо.–Хуҷанд, 2012.–112 с.
  • Феҳрасти асарҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва публитсистии Субҳони Аъзамзод (1996-2011). – Хуҷанд, 2011.
  • Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI. Ҷилди 1. – Душанбе, 2018.

Пайвандхои беруна[вироиш]