Jump to content

Субҳон Раҳматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Субҳон Раҳматов
Субҳон Раҳматов
Таърихи таваллуд: 12 январ 1934(1934-01-12)
Зодгоҳ: шаҳри Самарқанд
Таърихи даргузашт: 18 сентябр 2010(2010-09-18) (76 сол)
Навъи фаъолият: нависанда,наттоқи радио

Субҳон Раҳматов (12 январи соли 1934, м. Мотуруди н. Самарқанд — 18 сентябри соли 2010, шаҳри Душанбе) — наттоқи радио, «Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон» (1977), наттоқи дараҷаи олии радио ва телевизион (1968), «Аълочии радио ва телевизиони СССР», Устоди каломи бадеъ (1973). Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (1959).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгохи педагогии тоҷикии Самарқанд (1952), факултети забон ва адабиёти Донишкадаи педагогии Самарқандро хатм кардааст (1956). Соли 1956 ба Сталинобод (ҳоло — Душанбе) омадааст. Наттоқи гуфторҳои бурунмарзии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати Тоҷикистон (1956—1969), сармуҳарири барномаҳои саноату сохтмон (1969—1971), сармуҳарири намоишҳои сиёсии телевизиони Тоҷикистон (1971—1976), сармаъмури кулли барномаҳои радиои Тоҷикистон (1976—1987), наттоқи радиои Тоҷикистон (1987—1995), мудири шуъбаи наттоқони радио (1995—2003), мушовири директори генералии ширкати радиои «Ватан» (2003—2008).

Муаллифи рисолаҳои

  • «Таджикскому радио 50 лет» (1980),
  • «Минбари савту калом» (2001),
  • «Хотираи неки ашхоси арҷманд» (2007),
  • «Васоити иттилоотии умум ва ҷавонон» (2008),
  • 500 ҳикояву новелла, пиесаҳои якпардагию бисёрпардагиро аз забони русӣ ва ӯзбакӣ ба тоҷикӣ гардонидааст.


  • «Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон» (1977),
  • «Аълочии радио ва телевизиони СССР»,
  • медали «Барои меҳнати шоён,Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
  • «Ветерани меҳнат»,
  • Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
  • Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, с.107