Jump to content

Султонмаҳмуди Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Султонмаҳмуди Ҳиравӣ

Султонмаҳмуди Ҳиравӣ (? — қарни XVI) — хаттот ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъзе тазкиранависон ӯро Бухороӣ номидаанд. Фарзанди хаттоти номӣ Иброҳими Астарободист. Султонмаҳмуди Ҳиравӣ аслан аз Ҳирот аст. Шояд ӯ низ ҳамроҳи устодаш Миралии Ҳиравӣ ба Бухоро рафта, он ҷо муқим шуда, нисбати Бухороиро гирифта бошад. Аз рӯи маълумоти Мустафо Алии Чалабӣ дар «Маноқиби ҳунарварон» Султонмаҳмуди Ҳиравӣ дар хати настаълиқ ҳунарманд буда, дар тазҳиб низ маҳорат доштааст. Аз осори хаттотии ӯ «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ боқист.

  • Султонмаҳмуди Ҳиравӣ / А. Нуров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).