Jump to content

Султонмуҳаммади Танбурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Султонмуҳаммади Танбурӣ

Султонмуҳаммади Танбурӣ (? — қарни XV) — мусиқидон, оҳангсоз, хонанда ва танбурнавози форс-тоҷик.

Дар Машҳад таваллуд шуда, ба камол расидааст. Дар танбӯрнавозӣ маҳорати баланд дошта, яке аз ҳофизон ва мутрибони моҳири дарбори Султон Иброҳиммирзо буд. Султонмуҳаммади Танбурӣ баъди Машҳадро забт кардани Абдулмуъмини Шайбонӣ ба қатл расид. Аз Султонмуҳаммади Танбурӣ мероси бои мусиқӣ боқӣ мондааст. Ду «пешрав» ба мақоми «Дугоҳ», «Савти Танбӯрӣ», «Амали Танбӯрӣ», «Нақши Танбӯрӣ» аз маъмултарин асарҳои мусиқии ӯст.

  • Султонмуҳаммади Танбурӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).