Султон Воҳидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Султон Воҳидов

Султон Воҳидов (10.1.1937, деҳаи Понғози ноҳияи Ашт — 29.11.1992, ҳамон ҷо) — адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1990), профессор (1993).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (ҳоло ДДХ; 1959). Муаллими мактаби миёна дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Ашт (1959-61), аспиранти УДТ (1961-64), лаборанти калони бахш (сектор)-и робитаҳои адабии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло ИЗАШМХ); (1964-65), муаллими калон, дотсент, профессори кафедраи таърихи адабиёти классикии УДТ (1965-92). Нахустин мақолаи илмии Султон Воҳидов' «Ҷомӣ ва Лутфӣ» соли 1964 дар матбуот чоп шуд.

Фаъолияити илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 200 мақолаи илмист оид ба масъалаҳои таърихи адабиёти форс-тоҷик. Самти асосии таҳқиқоти Султон Воҳидов' дар оғози кор омӯзиши робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ӯзбек буд. Ӯ асари Алишери Навоӣ «Хамсату-л-мутаҳаййирин»-ро (1966; зери роҳбарии профессор Ш. Ҳусейнзода) мавриди омӯзиш қарор додааст. Баъдан ба омӯзиши тазкираи Муҳаммад Авфии Бухороӣ «Лубобу-л-албоб» ва тазкиранигорӣ дар адабиёти форс-тоҷик машғул шуд. Султон Воҳидов' дар бораи адибони гумноми асрҳои 17 ва 19 ноҳияи Ашт таҳқиқот анҷом дода, намунаҳои ашъори Маъдан ва девони ашъори шоири номаълуми садаи XIX Муҳаммадшокири Ғарибии Аштиро манзури хонандагон гардонд. Китобҳои «Устод Айнӣ ва адабиёти асри Х» (1364 ҳ. ш.), "Назаре ба нашрҳои «Лубобу-л-албоб» (1365 ҳ. ш.)-ро дар Кобул ба табъ расондааст. Дар китоби «Дурдонаҳои наср» (Д., 1991) пораҳои аз осори Камолуддин Абдулвосеи Низомӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Хондамир таҳиякардаи ӯ (ба алифбои русиасос) чоп шудаанд. Литсейи № 4 ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт ба номи Султон Воҳидов' гузошта шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Равобити адабии халқҳои тоҷик ва ӯзбек дар асри XV. Д., 1974;
  • Ҳаёт ва фаъолияти адабии Муҳаммад Авфӣ. Д., 1989;
  • Ғарибии Аштӣ//Илм ва ҳаёт. Д., 1991, № 9.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Камолиддинов Б. Ёди дӯсти меҳрубон. Султони сухан. Д., 1997;
  • Азимов Н. Симои Ашт. Д., 2001;
  • Фурӯғи ҳусни маънӣ (аз рӯзгор ва осори профессор Султон Воҳидов). Д., 2007.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]