Jump to content

Султон Сафар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Султон Сафар
Таърихи таваллуд: 13 март 1935(1935-03-13)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 15 сентябр 2008(2008-09-15) (73 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда, намоишноманавис
Ҷоизаҳо:

Султон Сафар (Султон Сафаров; 13 март 1935, Дарғ, ноҳияи Айнӣ15 сентябр 2008, Душанбе) — драматург, профессор (1993), Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1996).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1958 Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкинро ба итмом расонда, аввал ба ҳайси актёр ду сол дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ фаъолият намуд, сипас солҳои 1958—1965 дар вазифаҳои масъул (инспектори калони раёсати санъати Вазорати ма-данияти ҷумҳурӣ, сармуҳаррири шӯъбаи адабӣ ва мусиқии Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, муҳаррири калони коллегияи репертуарҳои Вазорати маданияти Тоҷикистон) кор мекунад. Баъдан таҳсилро дар Академияи илмҳои ҷамъиятии назди КМ КПСС (1965—1968) идома дода, дар вазифаҳои сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, мудири сектори шӯъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон, директори киностудияи «Тоҷикфилм», проректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (1968-1980) ва ҷонишини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон (1980-86) заҳмат мекашад. Солҳои баъдина боз ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода баргашта, ҳамчун декан, мудири кафедраи маҳорати актёрӣ ва нутқи саҳнавӣ ба донишҷӯён таълим додааст.

Драмаҳои офаридаш «Субҳи Хуҷанд», «Қарзи виҷдон», «Беватан», «Барои Ватан», «Қассос», «Уқоб», «Абадзинда», «Одамият», «Ду хоҳарон», «Бақои умр», «Чашмаи ҳаёт», «Алафҳои бегона», «Ҳақиқати талх», «Ҷасорат», «Пайраҳаи зиндагӣ», «Муҳаббати пок», «Бузбибӣ», «Зан агар ба шӯр ояд», «Туғрал» (бо ҳамқаламӣ), «Қотил», «Абӯҷаҳл», «Мукофоти амал» ва ғайра дар саҳнаҳои театрҳо тоҷик намоиш дода шудаанд.

  • Гирдоб. Д., 1973;
  • Шарораи Хуҷанд: Песаҳо. Д., 1981;
  • Бақои умр: Маҷмӯаи песаҳо. Д., 1984;
  • Қарзи виҷдон: Песаҳо. Д., 1986;
  • Ҳақиқати талх: Маҷмӯаи песаҳо. Д., 1990;
  • Без родины: Драма. Д., 1974.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.