Jump to content

Сумчак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сумчак – деҳаест дар Ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Сумчак яке аз деҳаҳои ободи Ҷамоат ба ҳисоб меравад. Вай имрӯз ба макони меваҳои шакарин табдил ёфтааст. Асосгузори ин макон Дадобой ном деҳқони паҳлавонсифат ва ҷавонмарди дилсӯз аст, ки маҳз бо ташаббуси шахсии ӯ имрӯз мавзеъҳои хоҷагии ҷамоавии ба номи Абдулло Раҳимбоев, «Палос» ва «Сомғор» шодоб ва ободу зебо гаштаанд. Дадобой Холматов чун деҳқони асил дар ободии деҳаҳои колхоз матонати калон нишон додааст. Вай яке аз дӯстони наздики ду карат Қаҳрамони меҳнати сотисалистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаев буда, барои тадриҷан тараққӣ кардан ва сол ба сол обод шудани қишлоқҷойҳо ҳиссаи калон гузоштаанд.[1]