Сурнай
Сурнай — (аз сур - ҷашни шодӣ ва най), сози мусиқии нафасист. Дар байни халқҳои эронитабору турки Осиёи Марказӣ, сокинони Қафқоз ва ғ. паҳн гардидааст.
Сараш васеъи махрутӣ ва қисми поёнаш нисбатан борик мебошад. Дарозии сурнай 45-56 см буда, аз чӯби чормағз ё зардолу сохта мешавад. Рӯяш 7 сӯрох ва зераш як сӯрохи овозбарор дорад, ки бо он найчаи филиззӣ ва забонаки тунуки қамиши пайваст буда, барои навохтан хидмат мекунад. Сурнайи садаи XIX (қарни пешина низ) дар ҳамон шакле буд, ки дар замони ҳозира ҳаст: диатоникӣ бада, дар ҳаҷми як октава ва бо роҳи сахт пуф кардан, якуним октаваро дар бар мегирад. Сурнайи такмилёфта, дар рӯӣ 6 сурохӣ ва зераш як сурохӣ овозбарор дорад. Диапазони (фосилаи мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама боло) он хроматикӣ буда, аз нотаи ре-и октаваи якум то ре-и октаваи сеюмро дар бар мегирад. Нотааш дар калиди скрипка сабт мешавад ва дар партитура овозҳои регистри миёна ва баландро фаро мегирад. Сурнай ба воситаи забонак ҷӯр карда мешавад. Садои сурнай пурқувват ва ҷарангдор буда, дар тамошоҳои анъанавӣ- дорбозӣ, лухтакбозӣ, тантанаву тӯй ва маросимҳои халқӣ бо ҳамовозии доира, таблак, нағора дастаи хосро ташкил намуда, ҳамчун созӣ якканавозӣ низ ба кор меравад. Дар сурнай бештар асарҳои кантиленӣ (лирикӣ-эпикӣ)-ро иҷро мекунанд. Ҳамчунин дар он иҷрои асарҳои техникӣ (рақсӣ) низ имконпазир аст. Алалхусус, роҳҳои навозиши сурнай дар ҳавои мақоми «Наво», «Шодиёна», «Муноҷоти сурнай», «Рақси калон», «Ашерон» ва ғ. хеле маъмул аст. Сурнайнавозони моҳир бо роҳи бини нафас гирифта, бо даҳон садоро наканда беист менавозанд, ки ин тарзи иҷроиш мавриди сурнайнавозӣ то 30 дақиқа вақт давом меёбад. (Қорӣ Неъматуллои Кулобӣ). Базми карнаю сурнай имрӯз ҳам дар Тоҷикистон ҳангоми ҷашнҳои бузурги миллӣ, арӯсӣ ва хатнасур роиҷ аст, ки баробари баланд шудани садои карнаю сурнай ҳозирин чанд лаҳза хушҳолӣ, кафзанӣ ва рақсу шодмонӣ мекунанд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3. - Душанбе,2004
- Вьзго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980;
- Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент, 1980;
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.