Jump to content

Суруд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Суруд, ашӯла — як навъ жанри мусиқии овозӣ (вокалӣ) буда, бо шеъру оҳанг барои овозхонон эҷод мешавад ва яке аз жанри васеъ паҳн-гардидаи мусиқии овозхонист. Суруд дар шаклбандӣ дар ритми андозаҳои гуногун ва зарбу усули 2/4, 3/4, 4/4, 5/8, 6/8, 7/8 ва ғ. тарҳрезӣ мегарданд ва ҳамаи ин андозаҳо мансуби Сурудҳои рақсианд. Сурудҳо аз рӯи сохт, шакл, зарбу усул, тарзи иҷро ва услуб ду хеланд: 1) халқӣ ва 2) касбӣ. Аз рӯи мазмуну мундариҷа бошад, онҳо иҷтимоӣ, лирикӣ, инқилобӣ, сиёсӣ ва гимнӣ буда, аз ҷиҳати сохт: яковоза ва бисёровоза, яккасароӣ ва хорсароӣ.

Сурудҳои бисёровозаи хорӣ бештар хоси европоиён буда, композиторон дар а. XV-XVI Сурудҳои бисёровоза эҷод намудаанд. Вале дар Европа, дар а. XIX С.-и композиторӣ (романс), яке аз жанрҳои пешоҳанг гардид (Ф. Шуберт, Р. Шуман, И. Брамс, Г. Берлиоз, Ш. Гуно, А. Алябев, М. Глинка ва ғайра).

Сурудҳои халқии тоҷикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сурудҳои халқии тоҷикӣ таърихи беш аз 3000-сола доранд. Аввалин Сурудҳои ниёгони тоҷикон дар Авесто ва адабиёти паҳлавӣ ба назар мерасанд («Суруди оташкадаи Каркуй»). «Ашаглон», «Майдаё», «Мандоғ», «Гулгардонӣ» ва ғ, инчунин Сурудҳои дар васфи фаслҳои сол, табиат таърихан хеле қадимианд. Дар ин ҷода Сурудҳои лирикӣ-даҳонакии халқӣ бештаранд. Бо мурури замон як миқдор сурудҳои халқӣ ё аз байн рафтаанд ё шаклу мазмунашонро дигар кардаанд. Кам нестанд сурудҳои халқӣе, ки матнашон бо ашъори шоирони классики форс-тоҷик (аз Рӯдакӣ то Шоҳин суруда шуда, бо номи сурудҳои халқӣ ёд мешаванд. сурудҳои халқӣ мисли «Мандоғ», «Майдаё», «Бофандагӣ» ва ғ. дар замони мо аз зиндагии гузаштагон дарак медиҳанд. сурудҳои маросими тӯйи арӯсӣ «Шаҳ муборак», «Сартарошон», «Саршӯён», «Арӯсбаророн», «Ёр-ёр», «Туёна», ҳамчунин «Сад доғ», «Духтари ҳиротӣ», «Зарагул», «Усмаш намехом», «Сабзак», «Шоҳдухтар», «Акрамҷон», «Суманак», «Аз Қаратоғ омадем» имрӯз ҳам маълуманд, суруда мешаванд. Бештари сурудҳои халқӣ бо нақарот сароида мешаванд, ки ин амал хоси сурудҳои халқии тоҷикист ва нақарот дар онҳо мавқеи муҳим дорад.

Сурудҳои касбӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тоҷикон дорои Сурудҳоиҳои зиёди касбӣ мебошанд, ки онҳо низ таърихи якчандасра доранд. 252 суруду оҳангҳои «Шашмақом», ки асосан бо ашъори шоирони форс-тоҷик суруда мешаванд. Ҳамчунин Сурудҳои фалакӣ, ки асосан бо рубоиву дубайтӣ сароида шудаанд. Қиссаву достонҳои гулғурисароӣ низ яке аз жанрҳои суруд ба шумор мераванд. Дар давраи Ҳокимияти Шӯроҳо Сурудҳоиҳои нав бо табадулоти иҷтимоиву маънавӣ, мазмуну мундариҷаи тоза ба миён омад. Аз ҷумла «Марши Ҳурият»-и С. Айнӣ (1923) нахустин суруди тоҷикиест, ки бар ритми қаторнуқтадори С.-и фаронсавии «Марселеза» иншо шудааст. Минбаъд С.-ҳои касбии композиторон бо ҳамкории шоирон дар тараннуми ҳаёти нав, ситоиши зарбдорони арсаи кору меҳнат ба вуҷуд омадаанд. Ба жанри С. жанрҳои нав: эстрадӣ, хорӣ, романс ва бачагона дохил гардидаанд. Дар замони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чоряк аср аз он сипарӣ шуд, боз сурудҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, Парчами миллӣ, Ваҳдат, Артиши миллӣ ва ҳ. к. бо матнҳои мазмунан тоза эҷод шуданд. Дар ин ҷода корҳои эҷодии композиторон З. Шаҳидӣ, Сайфиддинов, Я. Сабзанов, Х. Абдуллоев, А. Одинаев, Д. Дӯстмуҳаммадов, Қ. Яҳёев, Ф. Шаҳобов, муғаниён Ҳ. Бандишоев, М. Ҷумъаев, Ҷ. Обидпур, Д. Холов, О. Ҳошимов, Ҷ. Муродов ва чанде диг. дар санъати мусиқии тоҷик мақоми хос доранд, хеле бузурганд. Айни ҳол Сурудҳои эстрадӣ, хорӣ, оммавӣ, бачагона дар байни мардуми тоҷик маъмул аст.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.364. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)