Суруди миллии Покистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Суруди миллии Покистон
Нависанда Abu-Al-Asar Hafeez Jullundhri[d]
Оҳангсоз
Кишвар

Суруди миллии Покистон ё «Қавмӣ тарона» (урду: قومی ترانه) — суруди миллии кишвари Покистон ба забони форсӣ аст[1].

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Замоне, ки Покистон мустақил шуд, Суруди миллӣ надошт ва аз ин рӯ замоне, ки парчами Покистонро боло мебурданд нидои «Покистон зинда бод, Озодӣ поянда бод!»-ро сар медоданд. Пас аз чанде Муҳаммадаль Ҷиноҳ суруде барои Покистон суруд, вале чун суруди ӯ пояи мазҳабӣ надошт бар он шуданд, ки суруде дигар барои Покистон бисроянд ва ин суруди навро ба гунае суруданд, ки вожагони он байни урду ва форсӣ муштарак бошад ва ҳатто аз назари дастурӣ низ аз дастури забони форсӣ пайравӣ мекунад ва танҳо вожаи ғайрифорсӣ дар он вожаи ҳиндии ко аст. Ин суруд, сурудаи шоири покистонӣ Абуласар Ҳафиз Ҷоландҳарӣ аст.

Суруди ҷорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Урду/Форсӣ Тоҷикӣ ба хати лотинӣ
پاک سرزمین شاد باد

کشورِ حسین شاد باد

تُو نشانِ عزمِ عالی شان

ارضِ پاکستان!‏

مرکزِ یقین شاد باد

پاک سرزمین کا نظام

قُوَّتِ اُخوَّتِ عوام

قوم، ملک، سلطنت

پایندہ تابندہ باد!‏

شاد باد منزلِ مراد

پرچمِ ستارہ و هلال

رهبرِ ترقِّی و کمال

ترجمانِ ماضی، شانِ حال

جانِ استقبال!‏

سایه‌ی خدای ذوالجلال

Пок сарзамин шод бод
Кишвари ҳасин шод бод
Ту нишони азми олишон
Арзи Покистон!
Маркази яқин шод бод

Пок сарзамин ко низом
Қуввати ухуввати авом
Қавм, мулк, салтанат
Поянда тобанда бод
Шод бод манзили мурод

Парчами ситора ва ҳилол
Раҳбари тараққи ва камол
Тарҷумони мозӣ, шони ҳол
Ҷони истиқбол!
Сояи худои зулҷалол!

Pāk sarzamīn shād bād
Kishwar-i ḥasīn shād bād
Tū nishān-i ʿazm-i ʿālī shān
Arẓ-i Pākistān!
Markaz-i yaqīn shād bād

Pāk sarzamīn kā niz̤ām
Quwwat-i Ukhuwwat-i ʿawām
Qaum, mulk, salt̤anat
Pāyindah tābindah bād!
Shād bād manzil-i murād

Parcam-i sitārah o-hilāl
Rahbar-i taraqqī o-kamāl
Tarjumān-i māẓī, shān-i ḥāl
Jān-i istiqbāl!
Sāyah-yi Khudā-yi Ẕū l-jalāl

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]