Jump to content

Сурхиспанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сурхиспанд (Adonis aestivalis), испандак, гиёҳест яксола. Пояаш рост (50 – 60 см қад мекашад), баргаш паршакл, гулаш майдаи сурх. Апр. – май гул ва май – июн мева мебандад. Асосан дар алафзор ва бутазор (дар баландии 600 – 3450 м аз с. б.) мерӯяд. Дар қ.-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Ҳисору Дарвоз ва навоҳии Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ паҳн шудааст. Бо мақсади табобатӣ поя, гул ва баргҳои С.-ро кор мефармоянд. С. яке аз муҳимтарин воситаҳои муолиҷаи нуқси дил аст. Маҳлул ва қиёми алафи онро ҳангоми суст будани кори дил, гурда, пешобдон тавсия медиҳанд. С. ҷузъи таркибии қурси Бехтерев ва «Адонис-бром» аст. Хосияти шифоии С. асосан ба карденолидҳои таркиби он вобастагӣ дорад.

  • Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
  • Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989;
  • Энциклопедия народной медицины, т. 7. Лекарственные растения, М., 2000.