Ширинбия
Ширинбия | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Glycyrrhiza.
|
||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||
Glycyrrhiza glabra L. | ||||||
Мутародифот | ||||||
|
Ширинбия, ширинмия, ширинбия, буя, ширинбех, сус (лот. Glycyrrhí́za glábra) — гиёҳест ширинбехи доруӣ.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Одатан 20—150 см (баъзан то 2 м) қад мекашад. Пояаш рост, мустаҳкам, баргаш пармонанд (дарозиаш 5—20 см), мураккаб, яъяе аз 3-10 ҷуфт баргчаҳои дарозрӯяи байзашакл ё нештаршакли одатан часпак (дарозиаш 1,5—5 см, бараш 1—2,5 см) иборат аст. Гулаш гулобии сафедча ё бунафш (дарозиаш 5—13 мм), гулбаргаш парвонашакл. Ғилофакаш дароз (1,5—3,5 см), 1—8-тухма, тухмаш майдаи гирда, баъзан гурдашакл, ҷигарранг ё бӯртоби ҷилодор (аҳ 1 га ширинбиязор аз 135 то 1166 кг тухм ғундоштан мумкин аст). Май-июн гул карда, июль — октбр тухм мебандад.
Дар соҳили дарёҳо, рӯду ҷӯйбор, туғайзори дарёбод, киштзору боғ, теппаҳои зардхок, мавзеъҳои серрутубати нишебиҳои минтақаи миёнакӯҳ, шӯразмин ва ғайра месабзад. Дар Тоҷикистон (қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикиотони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Помири Ғарбӣ) асосан дар дарёбоду доманакӯҳҳо (350—1600 м аз сатҳи баҳр) нумӯ мекунад. Соли 1966 олимони Институтити ботаникаи Академияи Фанҳои ҶШС Тоҷикистон захираи ширинбиязори ҷануби республикаро тадқиқ намуданд. Маълум шуд, ки 5677 га ширинбия зор аст. Захираи бехи ширинбия («ширинбех» ё «бехи зардрӯй») ба 31200 т (тар) мерасад. Соле 6240 т (тар) ё 2496 т (хушк) ширинбех (дар давоми 5 сол) ҷамъ овардан мумкин аст. Дар доманакӯҳҳо низ (ноҳияҳои Орҷоникидзеобод, Данғара ва Кӯлоб) қариб 5 ҳазор га ширинбиязор ҳаст.
Хосиятҳои шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ширинбия гиёҳи доруии қадимист. Давоӣ будани он ба Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино маълум буд. Ширинбия ба монанди мардумгиёҳ машҳур буд. Ширинбияро барои тайёр кардани доруҳои гуногун истифода мебурданд.
Абӯалии Сино бо қиёми ғализи бехи ширинбия зиққинафасро табобат мекард. Бӯалӣ навишта, ки ширинбия найчаҳои шушро нарму тоза, овозро соф мекунад, ба шушу гулӯ муфид аст, захми пешобдону гурда ва табларзаи куҳанро барҳам медиҳад. Қиёми бехи он давои исҳоловар аст.
Дар тибби халқии тоҷикон ширинбияро ҳангоми қабзияти узвҳои нафас, ташаннуҷи мушаки гулӯ, беҳолу бемадорӣ, заъфи системаи асаб, бод гирифтани шикам, камиштиҳоӣ ва ғайра истифода мобаранд. Ширинбия махширинбияан солҳои 50 садаи XX, вақте бисёр олимони мамлакати мо ва хориҷӣ муайян карданд, ки доруҳои он ба захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта даво мебахшад, ба мубодилаи обу намак таъсир расонда, ҷудошавии Na, СI ва Н2О — ро бозмедорад ва ҷудошавии калийро метезонад, хеле маъмул гашт.
Ҳоло дар тиб асосан беху решапояи ширинбия (Radix Gyccyrrhizae)-ро истифода мебаранд. Решаи онро аввали баҳор ё тирамоҳ кофта мехушконанд. Ширинбия ба таркиби доруи «Котермопс» дохил мешавад. Онро давои пешоброн ва исҳоловар меҳисобанд. Қиёми ғализаш доруи балғамовар аст. Ширинбияро барои хуштаъм кардани доруҳо низ ба кор мебаранд. Ширинбия дар саноати хӯрокворӣ, қаннодӣ, пивопазӣ ва ғайра низ аҳамияти калон дорад. Саноати хӯрокворӣ ҳар сол қариб 10 т қиёми ширинбия ва 250 т бехи онро истифода мебарад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.