Jump to content

Суспензия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Суспензия (лот. suspensio – бардоштан, овехтан), омехтаи зарраҳои хурдтарини сахт дар моеъҳо, аз ҷумла эритроситҳо дар плазмаи хун, ҳуҷайраи бактерияҳо дар муҳити моеъ ва ғ. Бисёр доруҳо дар шакли С. истеҳсол мешаванд. Дар гистология ба сифати ранг Суспензияи пигментҳо дар об ё дар ҳалкунандаҳои органикӣ истифода мегардад. Хамираҳое, ки дар тиб ва атторӣ кор фармуда мешаванд, ҳамчунин Суспензия мебошанд.