Jump to content

Сутунмуҳра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сутунмуҳраи инсон
Сутунмуҳраи инсон

Сутунмуҳра - бахши аслии устухонбандии инсон дар нимтанаи болоӣ аст. Нақши сутунмуҳра, ҳимоят аз кал будан, тавоноӣ дар хам шудан ва чархидан дар тамоми масирҳо, ва низ ҳимоят аз сохтумонҳои ҳаётии банд мисли аъзоб ва нихоъ мебошад, ки дар дохили он қарор дорад.

Сутунмуҳра (Columna vertebralis), аррапушт, сутуни фақарот, қисми асосии скелети меҳварии ҳайвоноти муҳрадор ва одам. С.-и одам аз 5 қисм иборат аст: гардан (7 муҳра), сина (12 муҳра), миён (5 муҳра), чорбанд (5 муҳраи бо ҳам васлшуда) ва думғоза (3 – 4 муҳраи ба якдигар пайваст). С. барои ҳароммағз омили муҳофиз мебошад. Ҳар муҳра аз қисми нисбатан калон (аз пеш ҷойгир аст), тана ва камонак иборат аст. Тана ва камони муҳраҳо ҷӯй (канал)-и С.-ро ба вуҷуд меоранд, ки дар қисмҳои гардан ва синагии он ҳароммағз, дар қисми миён (камар) бошад, решачаҳои асаби ҳароммағз ҷой гирифтаанд. Ҷӯякчаҳои камони муҳраҳо сӯрохиеро ҳосил мекунанд, ки аз онҳо асабҳои ҳароммағз баромада, рагҳо мегузаранд. Аз камони муҳраҳо як ҷуфт шохаи арзӣ, ба боло ва поён ду ҷуфт шохаҳои буғумӣ, аз мобайн як шохаи тез (ба қафо меравад) мебароянд. Андозаи муҳраҳо аз боло ба поён то муҳраҳои болои чорбанд калон, сипас хурд мешавад. Танаи муҳраи VI гардан аз пеш дӯнгича дорад, ки нисбат ба дӯнгичаи диг. муҳраҳо хеле инкишоф ёфтааст (дӯнгичаи Шассенек). Ба ин дӯнгича артерияи суботиро ҳангоми хуншориаш зер мекунанд. Шохаи дарози муҳраи VII-и гардан зуд ба зери даст меояд, аз он сар карда муҳраҳоро мешуморанд. Дар байни танаи муҳраҳои гардан, сина ва миён қурсҳои байнимуҳравӣ мавҷуданд. Шакли С.-и одам барои рост гаштан мувофиқ шудааст. Он аз боло ба поён мутаносибан ғафс гашта, каҷиҳои такроршаванда дорад (дар қисмҳои гардан ва миён ба пеш – лордоз; дар қисмҳои сина ва чорбанд ба қафо – кифоз). Дар мавриди чунин сохт як қисми вазни бадани одаме, ки рост истодааст, аз муҳраҳо ба бандакҳои наздимуҳрагӣ дода мешавад. Ин гуна каҷиҳои С. таъсири зарбаҳои марбут ба роҳравӣ ва давиданро бартараф месозанд. Ба туфайли нарм пайваст гаштани муҳраҳо одам ба пешу қафо ва ду паҳлӯ хаму рост шуда, печутоб мехӯрад. Муҳраҳои гардану миён нисбатан серҳаракат ва муҳраҳои сина камҳаракат мебошанд. Дар С. нуқсҳои гуногуни инкишоф, деформатсия, осебу бемориҳо, омос ва ғ. мушоҳида мегарданд. Ба нуқси инкишофи С. тағйир ёфтани адад ва шакли муҳраҳо мансуб аст. Осебҳои С. бисёр вақт пӯшида мешаванд. С. бештар дар натиҷаи лат хӯрдан, афтодан ба пушт, сар ё дунба, ҳаракатҳои ноқулай ва беҷо осеб меёбад. Муҳраҳои С. мешикананд ё аз ҷой мебароянд, қурси байни муҳраҳо фит мешавад. Аломати асосии клиникии осеби С. дарде мебошад, ки ҳангоми ҳаракат кардан ё ҷунбидан падид меояд. Хусусан шикастани С. вазнин аст. Осеби кушодаи С. бисёр вақт боиси зарар дидани ҳароммағз низ мешавад. Ба бемориҳои С. остеохондроз, радикулит, бемории Калве, остеохондропатия, остеомиелит, бемории Бехтерев, спондилит ва ғ. мансуб мебошанд. Дар С. омосҳои гуногуни некфарҷом (остеохондрома, гемангиома) падид меоянд. Омосҳои саратонии С. асосан дуюмин буда, дар натиҷаи реша рондани омосҳои диг. узвҳо ташаккул меёбанд. Ад.: Абдураҳмонов Ф.А., Анатомияи одам, ҷ. 1 – 2, Д., 1995, 1998; ҳамон муаллиф, Атлас – учебник по функциональной анатомии человека, ҷ. 1 – 2, Д., 2006, 2008; Борэнштейн Д., Позвоночник под контролем!, М., 2004; Агаджанян Н.А. (ва диг.), Основы физиологии человека, М., 2009. Ф.А. Абдураҳмонов. КЛ Сутунмуҳра (бо ададҳои румӣ қисмҳои он ишора карда шудаанд): I – қисми гардан; II – қисми сина; III – қисми миён; IV – қисми чорбанд; V – қисми думғоза; қисми гардании сутунмуҳра ба тавассути банду бандакҳо ба устухони пасисарии ҷумҷума пайваст мешавад.